Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 23, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд

Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд 

Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар мардуми сайёра аз ташаббусҳо ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм огаҳӣ пайдо намуданд. Тавре зимни суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси мазкур байни андеша намуданд, “бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем”.

Чунонки огаҳӣ дорем, дар мулоқоти мазкур дар баробари намояндагони дигар кишварҳо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар низ ширкат ва перомуни масоили муборизаи дастаҷамъона бо зуҳуроти терроризм ибрози назар намуд. Номбурда бо изҳори воқеияти сӯйистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби бархе аз сарпарастони беназмиву бесуботӣ ва аз ҷумла ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом ибрози назар намуда, қайд кард, ки: “Ин наҳзати қалбакӣ — кори одамони гумроҳ  аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд”.

Аз ин рӯ, наҳзатиён ва афроди ҷиноятпешае, ки исломро ҳамчун ниқоби амалҳои пасипардагии хеш қарор додаанд дониста бошанд, ки рафтори ношоям ва андешаҳои гумроҳонаи онҳоро тамоми мардуми олам маҳкум намуда, садди роҳи фаъолиятҳои тахрибкоронаашон хоҳанд гардид.

Дилшод Зафарзода

Шарҳ диҳед