Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Роғун таъмингари рӯзгори босаодати ҳар фарди кишвар аст

Роғун таъмингари рӯзгори босаодати ҳар фарди кишвар аст 

раис

Истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи кишвар замина фароҳам овард, ки мардуми саодатманди Тоҷикистони маҳбуб зери роҳнамову ҳидоятҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил гардидем.
Натиҷаи чунин тадбирҳо ва ҳадафҳои судманду созандааст, ки бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар марҳила ба марҳила ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин росто аз имкониятҳо васеъ истифода намуда истодаем.
Ин аст, ки бо бунёд, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ ба таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шудем. Ин дастоварди муҳим ва ҷаҳду талошҳои пайгирона буд, ки Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари воҳид аз лиҳози таъмини рафтуомади мунтазами сокинон табдил ёфт.
Баҳри ноил гардидан ба иҷрои ҳадафи навбатӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ бошад, тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд мебошад ва ин раванд яке аз қадамҳои устувор дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба татбиқи ҳадафи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин ҳам бошад расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад имрӯзҳо ҷаҳду талош ва кӯшишҳои пайгирона равона гардида истодааст.
Аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва баҳрабардории НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир», даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, афзоиши иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар саросари кишвар аз тақрибан 4000 то 5500 мегаватт, рӯйдоди муҳимми таърихӣ оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун қадамҳои устувор дар амри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад.
Ба иҷро расонидани як силсила корҳои бузург аз қабили бунёди хатҳои интиқоли барқи 500 киловолтаи Ҷануб- Шимол, хатхои баландшиддати «Лолазор — Хатлон», хатхои баландшиддати Тоҷикистону Афғонистон «Сангтӯда-Пули Хумрӣ», гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва амсоли инҳо низ барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ мусоидат намуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои бойи обии кишвар таклифҳо пешниҳод намуда, ҳамчун яке аз ташаббускорони таҳия ва татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ (CASA — 1000) аз Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои исломи Афғонистон ва Покистон маҳсуб меёбанд.
Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем».
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта ба истифода дода шуд, ки боиси бунёди низоми ягонаи энергетикии кишвар гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуд.
Чунин тадбирҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид буд, ки мувофиқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.
Ин тадбирҳои андешидашуда боис ба он гардид, ки маҳдудияти неруи барқ дар кишвар бардошта шуд ва дар ин хусус муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми кишвар ироа гардид.
Боиси зикр аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдории навини миллиро ба уҳда гирифтани Пешвои муаззами мо бо ташаббус ва ибтикороти ҳамешагии ин марди хирад дар амри таъмини шароити арзандаи кору зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат иқдомоти наҷиб рӯи кор гирифта шуда, халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои одил ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Чуноне, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора гардид, дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди нерӯи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Оғози марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ, оғози корҳо дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ ва ба кор андохтани агрегати якуми он соли 2018, тибқи лоиҳа соли оянда оғоз гардидани таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” ба маблағи 600 миллион сомонӣ ва дар мар маҷмӯъ, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда равона гардидани 8 миллиард сомонӣ намунаи равшани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар амри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маҳсуб меёбад.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳо барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардида, соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, ҳоло барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст.
Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин намоем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иқдому ташаббусҳои наҷибро амалӣ намуда, дар ин рисолати бузург ҷаҳду талош меварзанд. Дар раванди бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун низ Пешвои муаззами мо бевосита роҳбариву раҳнамоӣ карда, борҳо аз раванди корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар Неругоҳ боздид ба амал оварда, бо сохтмончиёну кормандони он мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро баргузор намуданд.
Ҳамаи ин омилҳо боис ба он гардид ва он рӯзи неку наҷибро ба мо наздик расонид. Яъне тавъам омадани оғози фаъолияти чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун дар таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам як туҳфаи беназир ва боарзиштарини Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи кишвар маҳсуб меёбад.
Ҷавобан ба ин кӯшиш ва талошҳои Пешвои муаззаму маҳбуби миллат мо мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки баҳри рушду инкишофи иқтисодиёту иҷтимоии Ватани азиз ва истиболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош намуда, дар ин амали неку бунёдкорона саҳми шоиставу назарраси худро гузорем.

Раъно Ҳошимзода
Раиси шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед