Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Роғун сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихории миллии мо ҷавонон аст

Роғун сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихории миллии мо ҷавонон аст 

10

        Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб хушнуд ва сарфароз аз он ҳастем, ки бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рӯзгори босаодати ҳар фарди кишвар ва бахусус муҳайё намудани фазои мусоиди кору таҳсил, илмомӯзӣ ва пайвастан ба рӯзҳои неку наҷиби мо ҷавонон шароити мусоид фароҳам гардида истодааст.

         Мавриди истифода қарор додани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ки 16 ноябр мо мустақиман аз шабакаҳои телевизионии кишвар тамошо кардем ба мо руҳу илҳом ва неруву тавони дучанд бахшид.

Дар ҳақиқат амалӣ гардидани ин тадбири муҳим шодиву нишоти тамоми мардуми шарифи кишварро дар айёми таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъбири “ид болои ид” афзун гардонида, ба ин ҷашни муқаддас шукуҳу нусрат бахшид.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронии хеш дар маросими оғози кори агрегати якуми неругоҳи барқи обии «Роғун» баён доштанд: «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!

Воқеан ҳам мо ҷавонон аз ин ҳидоятномаву корномаҳои абармарди миллат, бунёдгузори кохи нур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихору саодатмандӣ истиқбол намуда, ҷавобан ба ин ғамхориҳо баҳри гул-гулшукуфии Ватани азизамон саҳми худро мегузорем.

 Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,

Пайравони Пешвои миллатем!

 

Хусравшоҳ Исмоилзода,

мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед