Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Раҳоӣ аз коми оташи наҳзат

Раҳоӣ аз коми оташи наҳзат 

Ростӣ бо мутолиаи нигоштаи коршиноси умури сиёсӣ Баҳодур Саидов бо номи «Чаро наҳзатиҳо тазоҳурот мекунанд? Ё ҳушдоре ба тоҷикони муқими Аврупо» боз нафратам ба ин хоинони миллат ва душманони  суботу оромӣ зиёд гардид.

Воқеан дар ҳар давру замон шахсоне ёфт мешаванд, ки бо сӯйистифода аз шахсони сустирода ҳадафҳои разилонаи худро амалӣ месозанд.

Халқи тоҷик аз азал соҳиби тамаддуни бою маърифати баланди фарҳангист. Ва он кирдорҳое, ки наҳзатиҳо бо мақсади қонеъ гардонидани нафси худ аз тамоми роҳҳо истифода мебаранд, разилист.

Мо кулли омӯзгорон кирдори ношоистаи душманони миллатро маҳкум мекунем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳагнпарастӣ тарбия намуда, ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намоем.

Бояд шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол, ободу ором кард ва нагузорем, ки нохалафе ин оромии моро халалдор кунад.

Аз тамоми тоҷикони муқими Аврупо, ҳамватанони азиз хоҳиш менамоем, ки ба дасисаҳои навбатии наҳзат дода нашуда, худро ба коми оташи наҳзат напартоянд.

 

Қобилова Ҳ. К.,

директории муассисаи таҳсилоти миёнаи

умумии №11 Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед