Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Покии ислом аз дили пок аст

Покии ислом аз дили пок аст 

Мо кулли омӯзгорони муассисаи таҳстлоти миёнаи умумии № 10 шаҳри Бӯстон мақолаи ба чопрасидаи Сайидюнуси Истаравшаниро бо номи «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?»-ро мутоила намуда, ба хулосае омадем, ки шахсони нотавонбине вуҷуд доранд, ки ба равиши дини ислом дар кишвари ҳамешасабзи мо боварӣ надоранд. Халқи тоҷикро аз дини мубини ислом дурафтода мешуморанд, мақомотҳои болоиро айбдор месозанд, ки садди роҳи диндорони Тоҷикистон мегарданд ва таъкид кардаанд, ки дар ин кишвар донишмандони ин соҳа дар каноранду муллоҳои камсавод дар масҷидҳо вазифаҳои баландро соҳиб гаштаанд.
Шукргузорӣ менамоем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон таҳти сарварии Пешво мардуми тоҷик намози панҷвақтаро озодона дар масҷидҳои ҷомеъ мегузоранд. Шахсе ё мансабдоре садди роҳ шуда наметавонад. Бо пешниҳоди намозгузорон имомхатибҳои донишманд интихоб мегарданд.
Ҳукумати кишвар барои мусулмонон шароит муҳайё сохта, масҷидҳои замонавии замони имрӯзаро пешкаш намудааст. Китоби муқаддаси ислом «Қуръон» бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дастраси аҳолӣ гардидааст. Зану марди тоҷик тоату ибодатро ба ҷо меорад, ба зиёрати Макка рафтан яке аз рукнҳои дини исломро, ки воҷиби мардуми мусулмон аст иҷро менамоянд. Ба нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик хотиррасон менамоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи ҳадаф ва мароми созанда баҳри таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо қадамҳои устувор ба пеш меравад.Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳ, оромӣ ва шукуфоӣ ҳукмфармост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолӣ мусулмон аст, дини ислом мавқеи хоса дорад. Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар самти таъмини озодии виҷдон корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Чунончӣ, Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ гардид, илова бар ин шумораи масҷидҳое, ки дар Тоҷикистон сохта шуд, аз масҷидҳои сохташудаи ҷумҳуриҳои Осиёи миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд мебошанд. Калонтарин масҷиди Осиёи марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Рӯзи идҳои Рамазон ва Қурбон истироҳат эълон шудаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009–соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид. Яке аз руйдодҳои муҳими таърихӣ дар шаҳри Душанбе доир гардидани Симпозиуми байналмиллалӣ бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам мебошад. Дар минбари шабакаҳои телевизионии давлатӣ барои баромадҳои ҳодимони дин барномаҳо ҷудо намуданд.
Бо вуҷуди ин, мутаассифона нотавонбиноне чун Саидюнуси Истаравшанӣ ин корҳои анҷомшударо ба назар намегиранд, балки нисбат ба ҳукумату давлат тӯҳмату норозигӣ баён мекунанд. Маҳз, ҳамин хоинон ва нотавонбинон динро суистифода бурда, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ташкил менамоянд ва ба ин васила мехоҳанд мақсадҳои нопоку ғаразнокашонро барои ба даст овардани ҳокимият истифода баранд. Барои амалишавии ниятҳои нопоку ифлосашон аз ягон роҳу усул руй намегардонанд, хатто аз рехтани хуни мардумони бегуноҳ.
Дар мамлакати мо давлат баҳри такомули афкори динӣ ва масъалаҳои вобаста ба он дар чорчубаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст, ки ба талаботи ҷомеа созгоранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқӣ ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳаб, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии ҳалқи тоҷик қабул шудааст, исботи бебаҳои ин гуфта мебошад.
Ҷомеаи омӯзгории муассиса мақолаи номбурдаро шадидан маҳкум намуда, иброз медорад, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки ҳамрадиф бо арзишҳои миллӣ, арзишҳои динии худро эҳё намоем. Имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои худ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад. Саидюнуси Истаравшанӣ ва ҳаммаслакони нотавонбинаш хато мекунанд, намедонанд, ки мардуми Тоҷикистон дигар фирефтаи сафсата намешаванд, кӣ будану чӣ мақсад доштани ин нохалафонро дарк намуданд. Ба ин афроди ватанфурӯш муроиҷат намуда, гуфтанием, ки ба онҳо дигар ҳеҷ гоҳ имконияти халалдор сохтани ҳаёти осудаи мардуми Тоҷикистон муяссар намегардад.
Хисравбекова Т., директори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 10 ба ном профессор, Карим Абдулови шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед