Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Июль 16, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Пирўзии мо дар ваҳдат аст

Пирўзии мо дар ваҳдат аст 

Имрӯз аз он хеле хушҳолу сарфароз ҳастем, ки дар чунин фазои ободу гуворои демократӣ, зиндагию фаъолияти хешро сомон дода истодаем ва ба даргоҳи Худованди мутаъол арҷу сипос аз он мегузорем, ки соҳиби чунин давлати мутамаддини соҳибистиқлолу демократию дунявӣ ҳастем. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки ин ҳама пешравиҳою шодкомиҳо маҳз бо талошу кӯшиш ва ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Боиси хушнудию хушбахтӣ ва сарфарозии ҳамагони мост, ки имсол миллати куҳанбунёди тоҷик 21 солагии ваҳдату ризоияти миллиро дар як фазои ободу озод ҷашн гирифтем.

Вожаи «ваҳдат»-ро мураттибони ҳамаи фарҳангномаҳои пешину имрӯз қариб як хел маънидод менамоянд, ки маънои «ягонагӣ»-ро медиҳад.

Ба ҳамагон чун оина равшан аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикону тоҷикистониён муфту ройгон ба даст наомадааст. Маҳз дар рӯзҳои тозаистиқлолӣ бо дахолати душманони бурунмарзӣ ва аъмоли зишти онҳо, Тоҷикистони азизи мо ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва наздики аз харитаи дунё маҳв гардидани он пеши рӯй омад.

Бинобар сабаби дар шаҳри Душанбе хатарнок будани вазъияти ҷомеа, қарор дода шуд, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд, бояд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардад. Бо амри тақдир, дар ин Иҷлосияи тақдирсоз, зимоми умури давлатдорӣ ба души фарзанди баору номус, босадоқат, ватандӯст, далеру шуҷоъи 40 сола Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Мавсуф рисолати таърихии хешро, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда буданд, сарбаландона ва ифтихормандона ба ҷо оварданд. Тоҷикистони азизу маҳбубро аз вартаи маҳвшавӣ ва порашавӣ нигоҳ доштанд. Кореро анҷом доданд, ки амалӣ гаштани онро аксари мардум ва ҳатто сиёсатмадорон хобу хаёл мешумориданд. Агар мо тамоми суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бодиққат ва такрор ба такрор мутолиа бикунем, мебинем, ки гуфтору амалашон як аст. Ҳанӯз аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Дилпурона изҳор менамоям, ки ба тезӣ дар мамлакатамон сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ амалӣ хоҳад гашт». (иқтибос аз китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллӣ», ҷ.1, Душанбе. Ирфон. 2002, саҳ 18). Пешвои милат ба дилҳои ҳазорон тоҷику тоҷикистониён умеду боварӣ ба ояндаи нек оварданд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам, ки ҷони худро нисор кунам» (иқтибос аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», 9 сентябри соли 1996). Барои амалӣ сохтани гуфтаҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хатарзою душвортарин ва пурмоҷаротарин аз роҳи худ барнагаштанд ва содиқона амал карданд. Рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаф дар китоби «Роҳ ба сӯи созиш» ин нуктаро хеле барҷаста зикр кардаанд: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пурдаҳшат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хосдеҳ, ки дар шимоли Афғонистони вилояти Тахор ҷойгир аст, гузаронанд, гӯё иродаи Президентро месанҷид. Ӯ бе дудилагӣ розӣ шуд ва гуфт: «Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад».

Бо зикри ин нуқтаҳо таъкид карданием, ки ваҳдату ризоияти миллӣ аз осмон якбора фуруд наомадааст, балки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзию худгузарӣ, худшиносӣ ва садоқат доштан ба миллату меҳан мебошад. Ин аст, ки осудагиву ваҳдати миллиро масъалаи тақдирсоз дониста, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро як рукни сиёсати хеш қарор додааст. Воқеан, тамоми комёбию пешрафту рушди кишвар ба ваҳдати миллӣ иртибот дорад. Ин нукта пеш аз ҳама дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 декабри соли 2016 таъкид шудааст: «Мехоҳам таъкид намоям, ки масъалаҳои баррасигардида аз дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу суботи ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар гардидани зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯю эҳтироми ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои авввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд».

Чунон, ки ишора шуд, ваҳдати миллӣ чун рукни басо муҳими сиёсати давлатӣ шинохта шудааст. Аз ин рӯ, бояд дар мӯҳтавои маводи таълим ваҳдату ваҳдати миллӣ мавқеи устувор пайдо намояд. Дар амалисозии ин кор оилаю муассисаҳои таҳсилотии ҳамаи зинаҳо бояд нақши асосӣ бозанд. Шарт ва зарур аст, ки волидайн равони худро нисбати ваҳдату ваҳдатсароӣ кушоду равшантар намуда, дар хона фарзандони хешро дар рӯҳияи ватангароӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия кунанд. Дар ҳимояи Ватан ҳангоми зарурат муттаҳидона бояд амал кард ва ҳар як фарди баору номуси миллат дар ин раванд ҳамеша омода бошад ва дар ин роҳ ҳеҷ чизро, ҳатто ҷони худро дареғ надорад. Чунон, ки ҳаким Фирдавсии бузургвор фармудааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ваҳдат дар саҳнаи ташаккули ормонҳои миллӣ ва давлатдорӣ нақши асосиро мебозад. Якдилӣ, якпорчагӣ ва муттаҳидию сарҷамъӣ барои ҳар як давлату миллат зарур ва ҳатмист. Ваҳдат яке аз рукнҳои давлатдорӣ буда, бидуни он давлату миллат пойдор нахоҳад монд. Ваҳдат пойдевори Қасри давлату миллат мебошад.

Барои мо халқу миллати азияткашидаи тоҷик лозим ва ҳатмист, то ин ки мо дарахти маҳалгароиро решакан намуда, дарахти ваҳдатро ҷойгузини он кунем. Ваҳдат беҳтарин василаест барои баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ. Халқи куҳанфарҳанги тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат будаанд ва хоҳанд монд.

Ин ҳама пирӯзии мардони мо аз ваҳдат аст,

Давлати пояндаву паймони мо аз ваҳдат аст.

Баски мо аз як гиребон сар бурун овардаем,

Нозу неъматҳои рӯйи хони мо аз ваҳдат аст.

Шукри беҳад з-ин ҳама амну амонӣ мекунем,

Сабз дар марзи таманно дони мо аз ваҳдат аст.

 

Насриддиншоев О.Н.,

омӯзгори фанни таърихи

гимназия № 1, шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед