Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

раис

Ҳамшаҳриёни азиз!

Боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми шарифи кишвар аст, ки соли равон ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ватани маҳбубамонро дар остонаи гузоштани қадамҳои устувору баҳодурона дар амри татбиқи муваффақонаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо баистифодадиҳии агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун, ки бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт истиқбол мегирем.
Нахуст бо таманниёти беназир ва орзуҳои нек кулли ҳамдиёрони гиромиро бо фарорасии ин санаҳои фархунда ва рӯзҳои деринтизор таҳният гуфта, баҳратон саодату саломатии бардавом, рӯзгори пурнишот, хонадони пур аз нуру зиё ва ба Тоҷикистони офтобӣ осмони софу партавфишонии ҷовидонии парчами саодати миллатро таманно дорам.
Воқеан, Парчам рамзи сарҷамъиву иттиҳод, нишони соҳибдавлативу мустақилият, омили муттаҳидсозии мардум, заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, таҳти ин ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ободу ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ин тадбири муҳим ҳамчун яке аз омилҳои тарбияи насли шоистаи замон ва сарҷамъии мардум амалӣ мегардад.
Барои мо сокинони шаҳри зебоманзари Бӯстон мояи ифтихор ва хушнудист, ки соли равон дар доираи омодагиҳои сазовор ба истиқболи ҷашни муқаддасу миллиамон — 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури мубораки Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти “Парчами давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри азизамон ифтитоҳ гардида, Парчами давлатӣ бо баландии 48 метр қомат афрохт. Амалӣ гардидани ин тадбири муҳим ба сокинон ва бахусус ба ҷавонони саодатманд имкон фароҳам меорад, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери парафшонии Парчами давлатӣ боз ҳам муттаҳидтар гардида, баҳри бунёди ҷомеаи ободу пешрафта ҷаҳду талоши бештар намоем. Ба таъбири ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Мавриди зикр аст, ки баҳри татбиқи муваффақонаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ дар замири ҷавонон, парвариши меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғату истироҳати сокинон бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоятамон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар марказҳои шарҳу навоҳии вилоят бунёди гулгашт ва майдонҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром сурат гирифта, боиси хушнудии мардум гардида истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон низ баҳри гиромидошти рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин самт бо пояҳои гуногун парафшон намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди муассисаҳои соҳаи маорифро ҳамчун омили хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии насли наврасу ҷавон амалӣ гардонида, баҳри таҷлили хотирмони Рӯзи Парчами давлатӣ иқдомоти шоёнеро рӯи кор гирифтааст.
Итминони комил дорем, ки дар оянда низ ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аз партавфишонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот шукргузорӣ намуда, бо азму иродаи қавӣ дар рушди босуботи кишвар саҳмгузорӣ намуда, рисолати бузурги шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро хоҳад кард.
Бо чунин таманниёти беназир бори дигар ҳузури Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамшаӯриёни азиз таҳният гуфта, бароятон тани сиҳат, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас пешрафту шукуфоии ҷовидонӣ таманно дорем.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ диҳед