Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Ноябрь 13, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Паёми Пешвои миллат дарси бозомӯзӣ ва ибрат аст

Паёми Пешвои миллат дарси бозомӯзӣ ва ибрат аст 

Рӯзи таърихӣ 26 декабр дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ироа гардид. Паёми навбатӣ, ҳамасола раҳнамо барои ноил гардидан ба мақсадҳои шоиста ва босалоҳияти мардуми шарифи кишвар мебошад. Дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ки соли 2018-ро барои Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон-соли таърихӣ-ном бурдан ҷоиз аст, чунки барои халқи тоҷик дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат соҳаи маориф ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар он барои рушди ин соҳа нуқтаҳои ибратбахш баён мегардад. Ҳамзамон аз ироаи имсолаи Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки «дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад, якум, норасогии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар». Бинобар вазифаи аввалиндараҷаи мо омӯзгорон дар он аст, барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, якҷоя бо омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, бо масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳ намуда, тамоми бурду бохти хешро ба он равона созем. Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро аз ироаи Паём ҷолибдорӣ намуда, чун дарси ибрат бозомӯзӣ намоем.

 Турсунбоева Р.Р., омӯзгори фанни химия, МТМУ №10

Шарҳ диҳед