Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшид

Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшид 

Шоистаи ифтихору қаноатмандист, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, баҳри таъмини рӯзгори босаодати онҳо имконият ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Маҳз қабул ва мавриди амал қарор додани силсилаи стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, муқаррар намудани имтиёзҳо дар самти ба фаъолият дар соҳаи хизмати давлатӣ ҷалб намудани ҷавонон, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурусӣ ва дигар соҳаҳо, таъсис ёфтани стипендияҳову квотаҳои Президентӣ баҳри беҳтар намудани раванди донишандӯзии ҷавонон, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибони мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва садҳо чунин мисолҳоро дар самти дастгирии давлатии соҳаи ҷавонон ва варзиш метавон ёдовар гардид.

Воқеан ҳам, агар ба саҳифаҳои таърихи замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон назар афканем мушоҳида мегардад, ки дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳ ва расидагӣ ба ҳалли масоили марбут ба ҷавонон қарор гирифтааст. Далели равшани гуфтаҳои болоӣ он аст, ки зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон муроҷиат намуда, зикр доштанд, ки «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам».

Ин суханони ҳикматбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон руҳу илҳоми тоза бахшида, моро водор месозад, ки аз ин ҳам бештар ва бо неруи дучанд баҳри саҳмгузорӣ дар рушди босуботи кишвари маҳбубамон азму талош намоем.

 

Хусравшоҳ Исмоилзода,

мудири бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед