Парчам рамзи саодату сарфарозиҳои мост!

Тавре иттилоъ додем, имрӯзҳо дар коргоҳу муассисаҳои шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-иттилоотӣ ва дигар тадбирҳо баргузор гардида истодааст.
Аз ҷумла дар кӯдакистони 13 бахшида ба ин санаи хотирмон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он кӯдакон таҳти партавфишонии Парчами миллӣ шодиву сурур намуданд.
Хабарҳо аз: Мақомот