Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Парчами Тоҷикистонро дар Чин донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон парафшон намуданд

Парчами Тоҷикистонро дар Чин донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон парафшон намуданд 

1

Камоли ифтихор аст, ки сол аз соли сафи донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар  Донишгоҳи Кунмини Ҷумҳурии мардумиии Чин афзоиш меёбад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба тозагӣ дар тадбири идонаи варзишӣ, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, магистрантони зерини тоҷик Ашӯров Муҳсин Саломович, Ҷонқулов Амирхон Темирович, Очилов Абдурасул Шарифович ва Норов Эмомалӣ бо дастовардҳои шоиста дастболо гардида, парчами Тоҷикистонро байни давлатҳои дигар боло бардоштанд.

Ноил гардидан ба ин дастовардро ба ҷавонони саодатманди кишвар таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва таҳсили хубу бобарорро таманно дорем.

 

Шарҳ диҳед