Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Ноябрь 22, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ояндаро бе терроризм бунёд намоем!

Ояндаро бе терроризм бунёд намоем! 

Маълум аст, ки дар замони муосир масъалаи шомилшавии шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, содир гардидани амалҳои таҳрибкорӣ ва даҳшатафканӣ боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гардида истодааст. Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳон бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда истодааст. Масъалаи ҳамкориҳои дастаҷамъона дар самти муқовимат бар зидди амалҳои терроризму ифротгароӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарафзои ҷомеа хеле назаррас дар кишвари мо низ аст.

Дар ин маврид нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 4 — уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бориз буда, дар ин чорабинӣ махсус зикр гардид, ки «Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад».

Мардуми саодатманди тоҷик хуб огоҳ ҳастанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90 — уми асри гузашта бо дасисабозиҳои бадхоҳони миллат ва амалкарди фарзандони нохалаф ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, оқибатҳои ногувори ин ҷанги хонумонсӯз ҳанӯз аз хотирҳо нарафтааст. Маҳз, бо хиради азалии мардуми шарифи кишвар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат хомӯш карда шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Мо, аҳли ҷомеа ба насли наврасу ҷавонон пайваста талқин намоем, ки ба тақдири ояндаи худ ва миллат бетараф набошанд. Мо як Ватан ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст ва Ватани азизи худро мисли модар дӯст дорем.

Дар мамлакат бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор, пешгирӣ, қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм ҳанӯз 16 ноябри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва аз 8 декабри соли 2003, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои ҷомеаи башарӣ гардида истодааст. Барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ аз таълимоти исломӣ фарсахҳо дур аст ва он ба исломи ҳақиқӣ алоқамандие надорад. Ҳамин тавр, яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи терроризми замони муосир дар он аст, ки террористон минбарҳои васоити ахбори умумро омили тарғиби ҳадафҳои хеш қарор дода истодаанд.

Бо ин мақсад моро зарур аст, ки дар ин раванд, яъне мубориза ва набардҳои иттилоотӣ бештару пештар омода гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монем.

Бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ бояд аҳли ҷомеа имрӯз муттаҳидтар гардида, баҳри истиқболи санаи саодати миллат 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукуфоии бештари кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоем.

Ф.ҶАББОРЗОДА,
раиси Суди шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед