Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор насозед!

Оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор насозед! 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон доир ба суханони Саидюнуси Истаравшанӣ чунин фикр дорад, ки суханонро кас хонда бетараф шуда наметавонад, зеро ҷомеаи ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар он ҷой зиндагӣ мекунанд таҳти ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва озодӣ зиндагӣ ва кору фаъолият мебаранд. Мо ҷомеаи меҳнатии муассисаи номбурда шукрона аз он менамоем, ки дар чунин давлату озоду демократӣ зиндагӣ ва кору фаъолият намуда, насли ояндасози миллатро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намуда истодаем.
Мо ҷавобан ба мақолаи беасоси подарҳаво ва иғвоангези Саидюнуси Истаравшанӣ чунин гуфтанӣ ҳастем, ки Тоҷикистон кишвари биҳиштосои рӯи замин буда ҷомеаи имрӯзаи мо намегузорад, ки чунин хоинони миллат давлати орому осударо нотинҷ гардонида, мардумро ба таҳлука андозад, зеро ин хоинони миллат на Ватан ва на Модар дорад.
Мо аҳли ҷомеа зикр медорем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси бузургу тавоно буда, баҳри тинҷиву осудагии мардуми хеш доимо ҷоннисоркунӣ менамоянд. Зеро тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифта сол аз сол муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии томактабӣ, иншоотҳои ҳаётан муҳим ба истифода дода шуда истодааст, ки аз ин дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлатамон мо шукргузорӣ менамоем.
Дадоҷонова З.,
директори МТМУ № 11

Шарҳ диҳед