Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Ноябрь 24, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт 

Дуруст қайд кардааст шоири ширинсухан Мирзо Турсунзода, ки дӯстӣ ин сабаби хушнудӣ ва хушҳолии инсонҳо мегардад. Дӯстии мардуми тоҷику қирғиз ва ӯзбек решаи қадимаи таърихӣ доғта, тӯли ҳазорсолаҳо паҳлӯи ҳам хушу гуворо зистаанд. Ин ҳамзистӣ миллати тоҷику ӯзбек ва қирғизро ба мисли бародарон ва дӯсту ҳамдам гардонида буд. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Бале ҳамин забон ягона тафовутест, ки вуҷуд дорад, аммо ҳамдилии мо ҳамаи ин монеҳоро убур кардааст.
Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, мутаасифона солҳои охир баъзе аз ашхоси қирғиз тухми кинаву адовтро миёни мардум кошта истодаанд ва давоми соли 2019 мо шоҳиди муноқишаҳои зиёде дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон будем. Албатта, ҳеҷ кас нооромии вазъиятро намехоҳад, аммо ин муноқишаҳо касро ба андеша водор менамояд. Мо бояд ҳусни ҳамсоядорӣ ва ҳамдигарфаҳмию муносибати бародаронаро риоя намоем. Аз ин ҳолат, албатта душманону хоинони миллат истифода мебаранд ва мехоҳанд боз дар минтақа вазъи ноором боқӣ монад. Аммо ин ашхосон бехабар аз он ки марзу хоки Ватани маҳбуб пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист ва мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад, чунки мо хун медиҳему хок намедиҳем. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем.
Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дӯстӣ мисли хуршеду моҳ ҷовидон аст. Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодту хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад, рӯзи сахтиву харобӣ.

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №13 Фаранигис Ҳусейнзода

Шарҳ диҳед