Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Воскресенье, Январь 21, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » НУРИВУ КАБИРӢ АЗ АШКИ МОДАРОНУ КӮДАКОН МАСРУР МЕШАВАНД

НУРИВУ КАБИРӢ АЗ АШКИ МОДАРОНУ КӮДАКОН МАСРУР МЕШАВАНД 

Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки оқибатҳои басо харобиоварро ба бор овард ва қариб буд, ки ин ҷанги бемаънӣ кишвари тозаистиқлолро аз байн мебурд, ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум дур намеравад. Хусусан аз хотири онҳое, ки дар рафти ин ҷанги бемаънӣ ҷигарбандону наздикону пайвандонашонро қурбон кардан. Онон ҳанӯз ҳам ба саркардагони ин низоъ ва дастдоштагони он аз ҷумла аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ наълату нафрат мехонанд. Дар саҳифаҳои таърих олимону донишмандон ва дигар қишри ҷомеа ин ҷангро ҷанги бародаркӯш меноманд, зеро дар ин ҷанг писар бар муқобили падар, духтар бар муқобили модар ва ҳамингуна бародар бар муқобили бародар меҷангиданд. Албатта сабабҳои оғози ҷанг гуногун буданд. Яъне, агар каме ба сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон назар афканем маълум мегардад, ки раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократи муқобили Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар воқеаҳои 11-14 феврали соли 1990 дар Душанбе, бо задухурди намоишчиён бо ҳукумат анҷомида ин муқовиматҳо бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии дар солҳои 1991 ва 1992 давом ёфта оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ реша давондани мазҳабҳои гуногуни исломӣ, шиддат ёфтани зиддияти дохилимазҳабӣ ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин маҳсуб меёбад.

Маҳз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ саркардагону пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо истифода аз холигии мафкуравии аҳли ҷомеа ва бахусус ҷавонон дар кишвар ба низоъ ва кашмакашиҳо оғоз карда, мардумро ба гумроҳӣ кашониданд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар он замон ба даст баландгӯяк гирифта, ҷавонону дигар мардумро ба гирду атрофи худ даъват карда, митинг ва ҳамоишҳо ороста рӯйрост мардумро ба ҷангу ҷидол даъват мекард.

Маҳз ҳамин талошу кӯшишҳои ин бешарафон буд, ки кишварро ба гирдоби кашмакаш ва низоъ оварда хонаи мардумо бо дастони худашон оташ заданд. Худ дар кишвар низоъ ва оташи ҷангро фурӯзон карда, дарҳол зери қаноти хоҷагонашон паноҳ бурданд.

Хисороти ҷанги шаҳрвандӣ басо зиёд буд. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки ин ҷанги таҳмилӣ чӣ оқибат дошт: зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Аз ин бармеояд, ки наҳзатиҳои гумроҳ ятиммонии кӯдакону нолаву оҳи зори модаронро дидаву дониста аз он масрур гашта, кирдори разилонаву манфури худро бамаротиб меафзуданд. Бахусус Сайид Абдуллои Нурӣ ҳамчун раҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ сураву оятҳоро ба манфиати шахсии хеш тарҷума карда мардумро ба харобкориву даргириҳо даъват мекард. Бо баргузидани Кабирӣ баъди вафоти Нурӣ ба сифати раиси ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ боз ин кӯрнамак кирдору рафтори разилонаи устодаш Нуриро идома дода, бори дигар хостори ятиммонии кӯдакони бегуноҳ ва афзоиши озори модарон гардида истода буд. Шукри Худованд, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон баста шуд ва пеши роҳи харобкориву низоъҳои наҳзатиҳои бешараф гирифта шуд.

Бо дарки масъулияти том мо ҷавонони кишвари соҳибистиқлол дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳалқаҳои занҷир муттаҳид гардида, кишвари азизамонро аз разилони наҳзатӣ эмин нигоҳ хоҳем дошт.

Фарҳод Воҳидов

Шарҳ диҳед