Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Номи муҳофизони босадоқат ва ҳимоятгарони марзи Ватан ҷовидонист!

Номи муҳофизони босадоқат ва ҳимоятгарони марзи Ватан ҷовидонист! 

71383413_1468857689936649_4571776928909885440_n

Шод бодо рӯҳатон то ҷовидонӣ умрбод,
Ҷаннату дарҳои он бар рӯятон бикшода бод!
Тавре маълум аст бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллии мо бо роҳи мусолиҳатомез ва шеваи хоси тоҷикона ва эҳтироми арзишҳои ҳамсоядорӣ талаб намуданд, ки сохтмони ғайриқонуниро қатъ намоянд. Аммо ин ҳамсояҳои носипос ба ҷои созиш ва мусолиҳа қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар даъват карданд. Ин нохалафон бар муқобили сокинони осоиштаи мо тир кушоданд, ки ба марги сарбозони содиқи Ватан подполковник Рустам Убайдуллоев, и.в. коменданти Ҷамоати Овчӣ-Қалъча зодаи Ҷамоати Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор ва сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Субҳониддин Илёсов зодагони ноҳияи Вахш ва шаҳри Турсунзода ва ҷароҳат бардоштани сокинони бегуноҳ гардид.
Тири ҳамсояи нохалаф, қирғизи бешараф боиси ятим мондани фарзанди тоҷик, бесаробон мондани модари тоҷик, рехтани ашки модари тоҷик ва андӯҳи халқи шарафманди мо гардид.
Қирғизҳои беандеша ҳатман ба ин аъмоли разилонаи хеш посух хоҳанд дод.
Мардуми ватандӯст ва сарбаланди Овчӣ-Қалъача ҳеҷ гоҳ ноумед ва рӯҳафтода набошед, зеро Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи шарифи кишвар ва хосатан мо ҷавонони Тоҷикистони азизу муқаддас дар паҳлӯи Шумо ҳастем!
Ба наздикону пайвандони шаҳидон, қаҳрамонони набард Рустам Убайдуллоев, Рамазон Исломов ва Субҳониддин Илёсов ҳамдардӣ баён намуда, ба осебдидагон шифои комил таманно дорем.
Халқи шарафманди Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қаҳрамониҳои чунин фарзандони далеру шуҷоъ ва ҷоннисори Ватанро ба монанди Рустам Убайдуллоев, Рамазон Исломов ва Субҳониддин Илёсов фаромӯш намесозад!
Рӯҳатон шод, хонаи охирататон обод бод ҷавонмардони диловари меҳан!
Мамнур Нурзода,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед