Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » НБО-и Роғун — ибтидои рушди саноат

НБО-и Роғун — ибтидои рушди саноат 

Ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нави сиёсӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро барои миллати куҳанбунёди тоҷик кушод. Марҳилаи созандагии кишвари азизамон ба талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ алоқамандии зич дорад. Замони Шӯравӣ Тоҷикистон — ҳамчун манбаи ашёи хом, асосан ба ривоҷу равнақи пахтакорӣ аҳамияти бештар медод. Тараққиёти иҷтимоӣ — иқтисодӣ вобаста ба марҳилаи нави таърихӣ масъалаҳои муҳимтареро назди давлат гузошт, ки аз манфиатҳои миллии худ дар минтақаи осиёи Марказӣ ва чаҳон ҳимоят намояд.

Манфиатҳои геополитикии Осиёи Марказӣ ба он оварда расонид, ки ҳар кишвари он бештар ғами танҳо давлат ва халқи худро хӯрда, ба манфиатҳои умумӣ чандон созгор нагашт. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз фазои ягонаи энергетикӣ берун шуданд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиргизистон бештар ба проблемаи энергетикӣ рӯ ба рӯ гаштанд, ҳарчанд, ки Тоҷикистон борҳо иштироки худро дар таъмини оби байнисарҳадӣ изҳор дошт, аммо мутаасифона он баъзан дар расонаҳо нодуруст  қаламдод мешуд. Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо бо сарбаландӣ  аз марзу бум ва ҳастии хеш дар набард ғолибӣ ба даст оварда, бо  фишору таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ гашт, аммо аз ин варта ҳамеша раҳоӣ ёфт. Дигар ҷои баҳсу муколама намонд.

Пешравии ҳар як кишвари алоҳидаи Осиёи Марказӣ ин пешравии тамоми минтақа ба шумор меравад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сохтмони НБО-и Роғун дар марҳилаи муайян ба анҷом мерасад, вале набояд фаромӯш кард, ки аз он на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва дигарон баҳравар хоҳанд гардид. Иқтисоди сабз–асоси пешравии кулли давлатҳои дунё мебошад. Моликияти миллӣ ин дастоварди  тамоми халқи тоҷик аст ва барои ҳар як нафари халки тоҷик кушода  шудани агрегати якуми НБО-и Роғун рӯзи 16-ноябри соли 2018 бо ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вокеаи таърихӣ ва мояи ифтихор аст.

Бинобар ин аз соли 2009 корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун барқарор карда шуд ва он то имрӯз босуръат идома дорад. Воқеъан ҳам НБО-и Роғун иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дар натиҷаи  ба истифода дода шудани НБО-и Роғун даҳҳо корхонаҳои нав  бунёд мегарданд ва хоҷагии халқи ҷмуҳурӣ ба пуррагӣ бо барқ  таъмин мегардад. Ба ғайр аз ин дар фасли баҳор, тобистон ҷумҳурӣ метавонад қувваи барқи изофагиро ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон интиқол дода, аз фурӯши он ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд ворид мешавад.

Бояд қайд кард, ки ҳар давлат вазифадор аст, ки барои худро бо барқ ва дигар лавозимотҳои зарурӣ таъмин намудан тадбирҳо андешида онро ҳал намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои  бойи обӣ мебошад ва онро бояд ба мақсадҳои стратегии давлат истифода намуд. Бинобар ин сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди барқарор кардани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиатҳои халқ, давлат ва истиқлолият дорои аҳамияти ҳаётан муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, тамоми аҳолии ҷумҳурӣ сохтмони НБО-и Роғунро гарму ҷӯшон дастгирӣ намуда, онро иншооти тақдирсози миллат меҳисобанд. Имрӯзҳо дар иншооти НБО-и  Роғун корҳои барқароркунӣ босуръат ҷараён дорад ва дар он ҳазорҳо сохтмончиён шабу рӯз фаъолият намуда истодаанд. Барҳақ, НБО-и Роғун яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегӣ ба шумор рафта, дар кори мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолият ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ аҳамияти  тақдирсоз дорад.

Эгамов М.Х., декани факултети электромеханикаи

Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

 

Шарҳ диҳед