Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Наҳзатро маҳкум мекунем

Наҳзатро маҳкум мекунем 

Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуб — терроризм ва экстремизм ба ифротгароӣ мебошад. Омилҳои мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зӯроварӣ мегардад.

Мусаллам аст, ки солҳои охир терроризм ва зуҳуроти номатлуб қувват гирифта, ба воситаи муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ табдил ёфтааст. Одатан терроризм ва экстремизм ҳамчун яке аз зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ ба қасди содир намудани таркиш, сӯхтору куштор роҳандозӣ мешаваду дар ҷомеа тарсу даҳшат, изтиробу парешониро ба вуҷуд меорад.

Тавре маълум аст терроризм яке аз масъалаҳои хатарнок ба шумор рафта, ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад. Ҳадафи аслии он бо роҳи зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошад ва  ҳамарўза нуфузи нопоки худро бештар менамояд. Агар пеши роҳи ин гуруҳҳои террористӣ гирифта нашавад, нооромиҳои сиёсӣ афзуда, иқтисод ва фарҳанги минтақаҳои гуногун коста мегардад. Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони мо бинобар паст будани шуурнокӣ ва маданияти сиёсӣ, рушд наёфтани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳар гуна гурўҳҳои террористӣ ифротгаро аз паи ақидаҳои ихтилофангезу ҷаҳолатомези шуда ба ин гурўҳҳо шомил шудаанд, ки ин аҳли ҷомеаро хеле ба ташвиш андохтааст.

Рафтору кирдори ин қабил хиёнатпешагон собит месозад, ки дар тинаташон заррае раҳму шавқат нисбат ба бани башар нест. Аз табори чунин гумроҳон аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки баҳри амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хеш бо роҳҳои гуногун ҷаҳду талош доранд. Итминони комил дорем, ки касе чунин хиёнаткоронро дастгирӣ ва пуштибонӣ нахоҳад кард.

Раҳимова Ш. – омӯзгори шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед