Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Ноябрь 13, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Нақши Пешвои миллат дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият 

Истиқлолият волотарин ва бо арзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, 27 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар сарнавишти миллат арзи ҳасти кард. Ин руйдоди муҳим дар хонадони мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд.

Мутаассифона, солҳои аввали истиқлолият, кишвари мо зери таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардида, дар он вақт пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Дар ин раванд, хатари аз байн рафтани миллат пайдо гардида, озодӣ ва амнияти шаҳрвандон зери хавф қарор дошт. Ҳамзамон, фаъолияти мақомотҳо ва ниҳодҳои давлатӣ заиф гардида, беҳбудии ҷиддиро талаб менамуданд. Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ баромад намуда, баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 6-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наверо рӯи қоғаз оварда, сарнавишти имрӯзу фардои ватанро муайян намуд.

Вакилони мардумӣ бо азму иродаи қавӣ Эмомали Раҳмонро ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд ва ӯ тавонист, ки бо кӯшишу ғайрати шабонарузӣ вазъияти ҷумхуриро ба эътидол оварда, пеши ҷанги шаҳрвандиро гирад ва кишвари мо ба ҳаёти осоишта қадам гузорад.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ, ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид». Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гардидани истиқлолити давлатӣ дар тамоми сохторҳои ҳокимият асосҳои низоми конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, фаъолияти бонизоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин карда шуд.

Дар ин раванд, бори аввал тариқи райпурсии умумихалқӣ, 6 ноябри соли 1994 Қонститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, баъдан баҳри таъмини низоми ҳуқуқ дар ҳаёти шаҳрвандон, санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тағйироту иловаҳо ворид гардида, раванди демократикунонии ҷомеаро боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Дар низоми идоракунии давлат, аввалин шуда мақомоти қонунгузори кишвар иборат аз ду палата-маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, фаъолияти дигар мақомотҳои давлатӣ ба низом дароварда шуд. Инчунин, дар ин давра, Артиши миллӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми кишварро таҳти назорати доимӣ қарор дод. Маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ташкил ёфта, ҷиҳати таъмини оромӣ, сулҳу субот, дастовардҳои замони истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон камари ҳимат бастанд.

Дар ин радиф бояд гуфт, ки дастоварди бузургтарини халқи мо дар тӯли 27 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошад. Ин дастовардҳо маҳз ба шарофату заҳматҳои бепоён, кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст.

Набояд фаромӯш кард, ки роҳи тайкардаи халқамон таи 27 соли сипаришуда ҳамвору осон набуда, яъке аз муаммоҳои кишвари соҳибистиқлол дар он давра ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро раванди бонизоми пешрафти иқтисодӣ ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ асосан аз истиқлолияти энергети ва бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтан вобастагии зич дошт.

Яке аз ҳадафҳои асоси стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, дар ин росто сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқии Ҷануб-Шимол ва Лолазор-Хатлон, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд-Чаноқ ва даҳҳо иншооти азиму муҳими иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин, дар ин давра, бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки аз дигар ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ин раванд, як қатор корхонаҳои азими истеҳсолӣ бунёд карда шуда, майдони умумии боғу токзорҳои мамлакат ба 360 ҳазор гектар расонида шуд. Барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ бошад, ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар оила, 129 ҳазор гектар замин тақсим гардида, ҳамзамон 27 ҳазор гектар замини корами обӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон, аз давраи солҳои 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар зиёд шудааст. Маҳз бо ҳамин кӯшишу чораҷӯиҳои амиқ, зимнан сатҳи камбимзоатӣ дар қаламрави кишвар поён рафта, 81 фоизи сатҳи камбизоати ба 28 фоиз коҳиш ёфтааст, ки он аз болоравии сатҳу сифати зиндагии сокинони кишварамон дарак медиҳад.

Инчунин, бо муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 18900 иншооти ҷашнӣ дар ҷумҳурӣ, ба назар дошта шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар баробари эътибор додан ба раванди бунёдкориҳо, диққату эътибори Пешвои миллат ба зинда гардонидани арзишҳои миллӣ равона гашта, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи ин шахси муътабар дар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои фарҳангиву маъмурии қаламрави мамлакат Душанбе, Хуҷанд, Мастчоҳ, Зафаробод, Истаравшану Конибодом ва дигар шаҳру ноҳияҳо муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шудаанд. Ҳамчунин, дар давраи истиқлолият бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ҷумҳурӣ миқдори муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ зиёд гашта, сифати таълиму тарбия хеле баланд бароварда шудааст. Қабули барномаҳои давлатии рушд, компютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои русию хориҷӣ, таъсиси маркази миллии тестӣ далели шоёни ин гуфтаҳо мебошанд.

Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки самараву футӯҳи неки замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Муносибатҳои дипломатии ҷумҳурӣ бошад, бо 156 давлатҳои ҷаҳон барқарор гашта, Тоҷикистон аъзои зиёда аз 80 созмонҳои байналмилалӣ ва митнақавӣ мебошад.

Инак, наздик 30-сол мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар халқаи кишварҳои ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд. Бигзор ин қадамҳояш устувору нек ва самараовар ба сӯи музаффариятҳо бошад.

Дустзода Садриддин Рустам

муовини прокурори шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед