Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Май 28, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон

Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 

IMG_3769

Санаи 23 октябри соли 2017 дар “Қасри фарҳанг”- и шаҳр бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавонон, сокинон ва кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр конфронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба 25 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев №15 Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович, иштирокчиёни Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Эргашбой Саидович, Фатҳиддинов Бойпоччо, собиқадорони меҳнат ва устодон иштирок намуданд.

Нахуст, муовини Раиси шаҳр Зоирӣ Щ.М. конфронсро ощоз намуда, оид ба аҳмияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз ибрози андеша намуд. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон” маърӯза намуда қайд кард, ки баргузории Иҷлосияи 16 – ум ин ощози марҳилаи воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Зикр карда шуд, ки мамлакат он вақт дар вазъияте қарор дошт, ки аз як сӯ сохтору мақомоти давлатӣ аз уҳдаи пешгирӣ кардани ҷанги бародаркуш ва аз вартаи буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ раҳо бахшидани ҷомеа баромада наметавонистанд ва аз сӯи дигар ба таъхир ва ақиб гузоштани ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбарияти нави сиёсӣ оқибатҳои нобахшанда дошт. Аз ин рӯ, зарурият пеш омад, ки бояд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор гардад ва онро фақат нерӯи созанда метавонист баргузор намуда, ватанамонро наҷот диҳад. Аз ин лиҳоз, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ аз иҷрои вазифаи худ сарбаландона баромада, аз интихоби номзади арзанда, Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми тоҷикону тоҷикистониён қаноатманд мебошанд.

Сипас, устоди Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Юсупов Хуршед Муҳаммадҷонович дар мавзӯи «Рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли таърихӣ» маърӯза намуда аз рушди иқтисодиёти мамлакат дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Баъдан, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз Қурбонов Э.С. ва Фатҳиддинов Б. аз солҳои мудҳиши он давра ёдовар шуда қайд намуданд, ки маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз аз минбари баланди он Пешвои маҳбуби кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баҳодурона қадам гузошта, зимоми давлатдории навини миллии тоҷикро ба зиммаи хеш гирифтанд ва давлатдории миллии тоҷикон аз нобудӣ наҷот ёфт.

Дар навбати худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Мухторова Г.У., устоди Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон Саидов А.А. ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 Ҳасанова С.А. суханронӣ намуда, изҳори қаноатмандии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи иштирокдорони конфронс расонида, қайд намуданд, ки Пешвои муаззами мо тавонистанд ба яъсу ноумедӣ хотима бахшида, иродаву иқдоми сулҳофарии халқамонро ба самти созанда равона сохта, раванди бебозгашти сулҳу оштӣ ва оромиву суботро дар кишвар таъмин намоянд ва давлати азизамон Тоҷикистонро ба давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд табдил диҳанд.

Шарҳ диҳед