Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 23, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Нафрат ба пайравони ТЭТ паймони миллӣ

Нафрат ба пайравони ТЭТ паймони миллӣ 

Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Паймони миллӣ” фаъолияти худро дар асоси ғояҳои ифротгароӣ, мардумбадбинӣ равона кардааст. Ин гурӯҳ муқобили оромӣ, сулҳу осоиштагӣ, дӯстию бародарии халқҳо буда, низоъҳои миллӣ барангехта, осмони софу беғубори сулҳофаринро тира мегардонад. Чӣ тавре ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нофаҳмиҳо ба амал омада, оромии мардумро халалдор месозад, ба гурӯҳҳои ифротгаро марбут медонанд. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон якдилу якҷоя барои ба эътидол овардани муносибатҳои байни ду кишвар кӯшиш намуда, барои пешгирии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро зиракии сиёсиро аз даст надода як тану як ҷон мубориза барем ва тамоми нерӯҳои солими ҷомеа паҳлӯи ҳам истода, дар амалӣ намудани чорабиниҳои аҳамияти сиёсӣ дошта, саҳми арзанда дошта бошем.
Мо, кулли омӯзгорон муроҷиат карда, гуфтанием, ки гурӯҳҳои тундгаро ва ифротгаро ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд ва сулҳу оромии давлати моро халалдор карда наметавонанд ва мо ба иҷро шудани мақсадҳои онҳо роҳ намедиҳем!

Омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи литсейи №1, шаҳри Бӯстон Мамадҷонова М.

Шарҳ диҳед