Мулоқот бо табибони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон

Имрӯз, 16 январ дар толори муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, устоди Донишкадаи куҳӣ — металлургии Тоҷикистон Анвар Саидов ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассиса Бахтиёр Муминов оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид.
Иштирокдорон перомуни паҳлуҳои Паём байни табибон ибрози назар намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати фаъолият ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ибрози назар намуданд.
Хабарҳо аз: Мақомот