Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Апрель 25, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » МУЛОҚОТИ РАЪНО ҲОШИМЗОДА БО ҶАВОНОНИ БӮСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МУЛОҚОТИ РАЪНО ҲОШИМЗОДА БО ҶАВОНОНИ БӮСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

IMG_4883-12-04-18-03-04(1)
Дирӯз 11 апрел дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода  бо донишҷӯёни шаҳр, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, доир гардид.
Зимни мулоқот Раъно Ҳошимзода иброз дошт, ки дар ҳама давру замон ба раванди дастгирии ҷавонон ва истифодаи  нерӯи ақлониву ҷисмонии онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Агар ба марҳилаҳои таърихӣ назар кунем маълум мешавад, ки дар замонҳои қадим низ бузургони илму адаб ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, шахсиятҳои зираку тавоно ва масъулиятшинос боварӣ доштанд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва зиндагии шоиста ба ҷавонон ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, имрӯз низ амалӣ шуда истодааст.
«Имрӯзҳо зиёда аз сад нафар донишҷӯён аз шаҳри Бӯстон дар зинаҳои рӯзонаву ғоибона, ихтисосҳои дуюми муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмиву оммавӣ, варзишиву фарҳангӣ иштирок ва ному мартабаи шаҳри Бӯстонро баланд  мебардоранд.
Тибқи маълумотҳо, дар шаҳри Бӯстон норасоии кадрҳои баландихтисос ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки  зиёда аз 20 нафар муттахассисони гуногунсатҳ  дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин омӯзгорони фанҳои дақиқ  дар шаҳри Бӯстон намерасад. Мо имрӯз итминони комил дорем, ки  пас аз хатми донишгоҳу донишкада ҷавонон бо сари баланд ба шаҳри Бӯстон баргашта, норасоии кадрҳоро пурра намуда, ба Ватану халқи худ хизмат менамоянд», -гуфт Раъно Ҳошимзода.
Дар кори мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон низ ширкат намуда, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии тамоюлои бегонапарастӣ, пешгирии ширкат дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ширкати фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуданд.
Мақсади баргузории мулоқот бори дигар аз наздик ошноӣ пайдо кардан  аз раванди таълиму тарбия ва вазъи зисту зиндагии донишҷуён арзёбӣ гардида, ба зиёда аз 70 нафар донишҷӯён стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Шарҳ диҳед