Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРӢ КОРИ ДАСТАҶОМЪОНА

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРӢ КОРИ ДАСТАҶОМЪОНА 

Чуноне огаҳӣ дорем моҳи сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум, барои суҳбату мулоқот бо сокинони вилоят ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Яке аз проблемаи муҳимтарин ин мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус доданд.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд.

“Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст ва набояд фирефтаи он гашт”.

Терроризм ва экстримизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва моро зарур аст, ки садди роҳи ин зуҳуроти даҳшатбор гардем. Тавре зимни сафари кории хеш Пешвои миллат дар ВМКБ аз авҷи ҷинояткориҳо изҳори нигаронӣ намуданд, дар воқеъ ҷинояткориву нооромиҳо шохаҳои ҷиноятҳои даҳшатафканиву харобкориҳост. Қурбонии ҷинояткориву харобкориҳо дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ва барои рафъи он кӯшиш кунанд то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як фард мебошад.

Мухамедсаидова Н. М., омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики гимназияи №2

шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед