Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Мақсади мо — сарҷамъӣ, заҳмати софдилона ва масъулияти баланд

Мақсади мо — сарҷамъӣ, заҳмати софдилона ва масъулияти баланд 

Зиёда аз 27 сол мешавад, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол асту дар кишвари азизи мо сулҳу субот ҳукмфармост, халқи мо зиндагии осоишта дорад. Самараи неки Истиқлолият низ дар ҳамин аст – сулҳу субот, осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии хушбахтонаи мардум.  Дар ҳақиқат ҳам мардуми мо ин ҳама неъматҳои истиқлолиятро ба хубӣ дарк кардаанд. Чунки имрӯзҳо дар фазои ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу амният дар кишвар як қатор дигаргуниҳо амалӣ шуда истодаанд, ки ин ҳама аз пешравию тарақиёт ва рушди тамоми соҳаҳо дарак медиҳад. Махсусан дар соҳаи фарҳанг, ки таваҷҷӯҳ намудан ба раванди густариши соҳаи фарҳанг, ташаккулёбии насли наврас, рушди санъати театрӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамагон худ шоҳиданд, ки солҳои охир дар кишвар чӣ қадар корҳои ободонӣ, аз қабили таъмиру тармим гардидани театрҳо, Қасрҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо амалӣ гардида, ҳоло ҳам дар ин ҷода корҳо давом дода истодааст. Дар вилояти Суғд сохта ба истифода дода шудани Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон, Театри драмавии мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, таъмири Театри наврасон ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Исфара.

Шаҳрвандони шаҳри мо низ моҳи октябри соли 2018 шоҳиди таъмири куллӣ гардидану аз нав эҳё шудани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ гардиданд, ки солҳои тӯлонӣ хеле хароб гардида буд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо сулҳу суббот, ҳамдилию ягонагӣ, ваҳдат ва амният барои амалӣ сохтани корҳои ободкориву созандагӣ ба халқу давлат имконият медиҳад. Ва мо шукрона мегӯем, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд карда шукуфон шуда истодааст.

Вале мутаасифона ҳоло ҳам ёфт мешаванд ашхосе, ба монанди аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ, ки чунин дастовардҳои соҳибистиқлолиро то ҳол дарк кардан намехоҳанд. Баръакс барои пешравию тарақиёти кишвар халалдор шуда истодаанд. Аз минбарҳои баланди давлатҳои хориҷӣ, тариқи сомонаҳои интернетӣ сиёсати хирадмандона ва созандагии давлату ҳукумат, меҳнати заҳматкаши халқ, рушду тарақиёти мамлакатро беасос рад карда истодаанд. Худ дар хориҷи кишвар ҷой гирифта пинҳонкорона, таҳти роҳбарӣ ва маблағгузории муфти хоҷагони хориҷӣ, ки ҳаргиз барои пешрафти давлати тоҷикон нияти пок надоранд, сиёсати вайронкоронаи худро амалӣ сохта истодаанд. Бо ин амали ғаразнок, хиёнаткорона, ношукрона, номардона, разилона ва зидди давлату халқи худ дошта ин ашхоси ноҷавонмард ба халқу миллати мо, давлати мо, дӯстию бародарии миллатҳои дигаре, ки бо мо дар ҳамҷоягӣ ва ҳамбастагӣ умр ба сар бурда барои пешрафти кишвари тоҷикон саҳм мегузоранд санги маломат мепартоянд, алангаи оташ мезананд.

Ғайр аз ин бо ҳар гуна роҳҳои хиёнаткорона: сӯйистифода аз камсаводӣ, сустиродагӣ, бехабарӣ аз асли фарҳангу маданияти гузаштагони худ, ваъдаҳои пучи ба даст овардани маблағҳои калон ва ҳатто бо роҳи тарсонидану зӯроварӣ ҷавонони ба давлатҳои дигар барои дарёфти қутти лоямут барои муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шудаанд ба доми худ афтонда ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи террористию экстримистӣ шомил мекунанд.

Чунин ҳолат мо кормандони соҳаи фарҳангро водор месозад, ки ҳама дар ҷойҳои худ баҳри тарбияи маънавии кӯдакону наврасон ва ҷавонон аҳамият дода диққату эътибори ҷиддӣ диҳем. Онҳоро аз таърих, фарҳанг ва ғановати бойи ниёгон бохабар гардонем, то онҳо дар асл аз ин неъматҳои моддию маънавӣ бархурдор бошанду ба хубӣ истифода бурда дар рушду пешравии мамлакати худ саҳм гузоранд.

Хотиррасон бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамбасти Паёми худ аз санаи 22 декабри соли 2017, ки барои самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда буд, таъкид карда буданд, ки: «Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем».

Мо албатта амалҳои нопок, хиёнаткорона, ва ношукронаи ин ашхоси ноҷавонмардро қатъиёна маҳкум намуда гуфтанием, ки тири онҳо дар умум хато мехӯрад. Имрӯз ҳар ҷавонмарде, ки рушд, тараққиёт ва пешравии халқу миллати худ, давлату кишвари худро аз таҳти қалби худ мехоҳаду барои ин кор саҳми худро бо меҳнати софдилонаи худ гузошта истодааст, дар ВАТАНИ азизи худ ТОҶИКИСТОН қарор дорад, кишвари худро ДӮСТ медорад ва барои халқу давлати худ софдилона ХИЗМАТ карда истодааст.

Ҳар, ки дур аз ватанаш бар ватанаш санг занад,

Хоин аст ӯ, ба сари хеш занад санги ҷафо.

          Н.Шарипов,

директори театри давлатии русии драма

ва мазҳакаи ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед