Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Машварати корӣ баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ

Машварати корӣ баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ 

1

6 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар партави омодагиҳои сазовор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ машварати корӣ доир гардид.

Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба ҷамъбасти соҳаи саноати шаҳр ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Бӯстон ба ин муносибат бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 155 иншоотҳои таъинони гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён дорад.
Бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар шаҳри Бӯстон ба истифода супоридани марҳилаи дуюми корхонаи ордбарории ҶДММ «Анҳор», гулгашти Парчами давлатӣ, бинои маъмурии нозироти андоз, боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз тадбирҳои шоён дар ин самт маҳсуб меёбад.
Сипас, муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстонро баҳри афзун гардонидани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар раванди ободониву созандагии шаҳр даъват намуд.
Раиси шаҳри Бӯстон бо итминон иброз дошт, ки соҳибкорону шахсони саховатпеша ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр бо илҳом аз муқаррар намудани имтиёзҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди рушди соҳа баҳри вусъати фаъолият тадбирҳои судманд хоҳанд андешид.
Дар интиҳо як қатор соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон изҳори сипосмандии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Шарҳ диҳед