Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Май 28, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон 

buston

Рӯзи 10 феврал дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии роҳбари нави шаҳр баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид. Раъно Ҳошимзода 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Аз соли 1991 ҳамчун омӯзгор, муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 6-уми феврали соли 2017 то раиси шаҳри Бӯстон таъин шуданаш дар мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

Зимни муаррифӣ роҳбари вилоят ба Рухсора Давлатзода, ки дар давоми беш аз 6 соли роҳбариаш барои пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳр саҳми арзанда гузошт, изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно кард.

Пас аз маросими муаррифии роҳбари нави шаҳр маҷлиси фаъолон баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил намуда, таъкид кард, ки дар соли сипаришуда нақшаи буҷети давлатии шаҳр ба андозаи 150,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 47 миллиону 725 ҳазор сомонӣ 76 миллиону 730 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллӣ 132 дарсад ва нақшаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 108,7 дарсад таъмин гардид.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату сайёҳӣ роҳбари вилоят масъулинро ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъсиси корхонаҳои нав, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифадор намуд.

Шарҳ диҳед