Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Январь 21, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Конститутсия санади саодатофар аст

Конститутсия санади саодатофар аст 

Дар ҳақиқат Конститутсия барои мушаххасу муайян намудани роҳи рушди давлатдории кишварҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва амалӣ намудани орзуву омоли мардум заминаи ҳуқуқӣ муайян менамояд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба сифати бахтномаи миллат дар замоне қабул гардид, ки бо дасти фарзандони нохалафи миллат дар кишвар муноқишаҳои дохилӣ сурат гирифта, умеди мардум ба ояндаи дурахшон норавшан буд.
Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардида, тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид ва заминаи мусоидро барои бунёди ҷомеаи навини миллӣ фарҳам намуд.
Боиси хушнудист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин меъёрҳоро фаро гирифта, тибқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф гардидаанд ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Маҳз муқаррароти олии Конститутсияи мо мебошад, ки аксар мутахассисон ва коршиносони Амрикову Русия аз ин меъёрҳои конститутсионӣ бахубӣ истиқбол намуда, ба он баҳои баланд додаанд. Мувофиқи назар ва андешаи мутахассисони варзидаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи 5 – конститутсияи беҳтарини давлатҳои ба ташкилот дохилшаванда ҷой гирифтааст.
Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва роҳнамои тараққиёти муносибатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, он сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
Бесабаб нест, ки зимни суханронии хеш ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки « Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд».
Конститутсия шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода маҳсуб ёта, ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, баҳри расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Боиси зикр аст, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Дар робита ба ин меъёрҳои конститутсионӣ мо кормандони ин ниҳоди баландпояи давлатӣ, баҳри таъмини адолати судӣ ва эътирофи баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун минбаъд низ зери ҳидоятномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, баҳри рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб аз тамоми имкониятҳо фароҳам истифода хоҳем намуд.
Ҷабборзода Фурқат Саттор,
Раиси суди шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед