Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Кабирӣ ба Гитлер пайравӣ дорад

Кабирӣ ба Гитлер пайравӣ дорад 

Огоҳӣ ёфтам, ки як гуруҳ намакзадагони халқи тоҷик бо роҳбарии террорист Кабирии фитнагари дарбадар санаи 10 декабри соли равон дар шаҳри Берлин бо ҷалби тоҷикони муқимӣ баргузории митингро ба нақша гирифтааст.

Бояд қайд намоем, ки ҳеҷ гоҳ тоҷикони муқимии шаҳри Берлин ба фитнаву найрангҳои Кабирии шайтон бовар намекунанд. Зеро аллакай тамоми аҳли башар аз он ҷумла мардуме, ки ҳар як зарра хоки Ватан барояш азизу муқаддас аст, ки будани Кабирӣ ва ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати исломро хуб медонад.

Аз ин лиҳоз ман аз тамоми тоҷикони бурунмарзӣ, хусусан тоҷикони шаҳри Берлин эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба дасисаҳои навбатии Кабирӣ бовар накунед, зеро ӯ ба ҳамон Гитлере, ки бобою бобокалонҳои тамоми халқи Шӯравиро кушта буд пайравӣ дорад.

 

Боқӣ Қудратов,

мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед