Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Кабирии лаъин оромии ҷаҳонро намехоҳад

Кабирии лаъин оромии ҷаҳонро намехоҳад 

Имрӯзҳо мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои хеш дар як кишвари обод, озод ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта зиндагии осудаҳолона доранд. Чунин ободиҳоро Кабирии ҳайвони лаъин дида натавониста, мехоҳад дасисабозиҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки маҳз пайравони ҳамин лаъин ба сари мардуми Тоҷикистон оварданду мардуми осоиштаро ба хоку хун оғушта намуданд, боз такрор намояд. Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаҳои мудҳише, ки наҳзатиён бо хоҷагони берунаашон ташкил намуданд, ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳанд кард, зеро ҳазорҳо нафар гуреза ва дур аз Ватан гардида буданд. Ҳазорҳо кӯдакон бепадар, ҳазорон модарон бешавҳар, ҳазорон оила бехона, ҳазорон ҷавонон ҷони худро бегуноҳ аз даст доданд.

Кабирии хунхор ба чашмонаш хун меҷӯшаду боз мехоҳад бо дастгирии хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар ҳамоиш ташкил намояд. Тоҷикони бурунмарзӣ роҳгум назадаанд ва ба нағмаҳои ин хоини миллат, тоҷикони ҷаҳон ҳеҷгоҳ бовар нахоҳанд кард.

Мо ҷавонони Тоҷикистони ҳамешабаҳор ба кулли тоҷикони ҷаҳон муроҷиат намуда иброз медорем, ки ба чунин нафарони ғайриинсон бовар накарда, ободиву ҳақиқатро бо чашми сари хеш бинанд, зеро ин нохалафон чӣ рӯзҳои бадеро ба сари ҳамватанони хеш оварданд ва ба сари дигарон низ оварданашон аз эҳтимол дур нест, зероки дар чашмони ин  нохалафон хун ҷӯшидаасту одамияту ахлоқро фаромӯш кардаанд.

Миршакар Ҷалолов, мудири шуъбаи

ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед