Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ифтихори моӣ, Суруди миллӣ

Ифтихори моӣ, Суруди миллӣ 

Тоҷикистони соҳибистиқлол чун дигар давлатҳои ҷаҳон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, забони давлатӣ, асъори миллӣ ва Артиши пуриқтидори худ мебошад, ки мо ҳамчун омӯзгор ҳамарӯза дар машщулиятҳо ин нуктаро таъкид ва баррасӣ менамоем. Чун сухан дар бораи рамзҳои давлатӣ меравад, қайд кардан зарур аст, ки Суруди миллии мо ҳамчун рамзи давлатдорӣ дар қалби ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ маъво гирифтааст ва ҳар гоҳе ки садо медиҳад, беихтиёр ҳар як шахс аз тоҷик будани худ ифтихор мекунад. Суруди миллӣ бо қалами шоир Гулназар Келдӣ иншо шуда, ба он оҳангсози машҳур Сулаймон Юдаков оҳанг бастааст, ки ин ҳарду бо ҳам хеле тавъманданд. Суруди миллӣ ҳангоми истиқболи меҳмонони олиқадр ба кишвари мо ва ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат ба дигар давлатҳо аз тарафи истиқболгирандагон садо медиҳад.
Пӯшида нест, ки ҳоло ҳам давлатҳое ҳастанд, ки забони давлатӣ ва суруди миллии худро надоранд. Халқи тоҷик баяд шукргузор аз он бошад, ки ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони азиз дорои муқаддасоти миллии худ мебошад.
Дар бораи рамзу ҷашнҳои таърихӣ ва санаҳои махсус ба хонанадагон маълумот додан ва ба таҷлилу баргузории онҳо омода намудани шогирдон аз вазифаҳои муҳими омӯзгор мебошад.
Бинобар ин ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки дар ниҳоди шогирдон ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳангии ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллатро парварад.
Омӯзгори синфҳои ибтидоии
муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №3 Мамадова М.И.

Шарҳ диҳед