Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Ноябрь 15, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ифтитоҳи шуъбаи урология дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон

Ифтитоҳи шуъбаи урология дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон 

1

Нимаи дуюми имрӯз, 8 ноябр бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон баъд аз таъмири пурраи ошёнаи якуми шуъбаи ҷарроҳӣ шуъбаи урология ифтитоҳ ёфт.
Зикр гардид, ки ифтитоҳи шуъбаи мазкур яке аз тадбирҳои муҳим дар самти истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омили таъмини дастрасии аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ маҳсуб меёбад. Шуъбаи урология бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Сафаров Манучеҳр ба таъмири куллӣ фаро гирифта шуда, дар он кат ва таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудааст.
Шуъбаи мазкур аз ҳуҷраҳои бистарӣ, ултрасадо, андрология, эндоскопӣ, эндоҷарроҳӣ, сӯзангузаронӣ, малҳамбандӣ, санитарӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Муовини Раиси вилояти Суғд бо шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, ҳамзамон аз утоқи хатна ва дигар имкониятҳои беморхона ошноӣ пайдо намуда, дар ҳаминҷо бо табибони беморхона суҳбати самимӣ доир намуд.
Мавсуф ҳамагонро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда даъват ба амал овард.

Шарҳ диҳед