Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 22, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» дар шаҳри Бӯстон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» дар шаҳри Бӯстон 

71654812_2488651557908582_1493588105683271680_n

Имрӯз, 2 октябри соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» мавриди истифода қарор дода шуд. Амалӣ намудани иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ Тилло Назархудоевро дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Раиси вилояти Суғд ташаббуси наҷиб унвон дода, дар ин замина сипосмандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон баён намуд.
Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона дорои 28 ҳуҷраи замонавӣ, аз он ҷумла 10 ададӣ 1 ва 2 ҳуҷрагӣ ва 8 адад ҳуҷраи олӣ буда, он аз 3 ошёна, таҳхона, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, истгоҳи нақлиёт, ҳаммоми мардонаву занона, ошхонаву қаҳвахона ва дигар шароити муосир мебошад. Меҳмонхона бо тариқи маркази гармидиҳии ягона таъмин карда шудааст. Меҳмонхонаи муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Боиси зикр аст, ки соли равон дар шаҳри Бӯстон иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад маҷмааи хизматрасонии дорои меҳмонхонаҳои муосир мавриди истифода қарор гирифта, бо ифтитоҳи меҳмонхонаи “ҲАЁТ” шумори меҳмонхонаҳои шаҳри Бӯстон ба 13 адад расид.
Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади бунёди инфрасохтори муосири мусоид барои қабули меҳмонон ва сайёҳон кӯшишҳои судманд бомаром ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед