Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Июль 16, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи меҳнатӣ ва омӯзгорони гимназияи 1 шаҳри Бӯстон оид ба маҳкумияти аъмоли хиёнаткорони наҳзат бо тамошои филми «Решаҳои ноаён»

Изҳороти ҷомеаи меҳнатӣ ва омӯзгорони гимназияи 1 шаҳри Бӯстон оид ба маҳкумияти аъмоли хиёнаткорони наҳзат бо тамошои филми «Решаҳои ноаён» 

Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI, дар марҳилаи сифатан нави пешрафти кишвар гурӯҳҳои мафкураашон ба ҳам зид фазои идеологии холиро забт кардан мехостанд. Байни мардум ақидаҳои низоъангезу ифротӣ, шиорҳои «гӯё динӣ» мушоҳида карда мешуданд.

Аз ҷумлаи чунин ниқобдорон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби назҳати ислом мебошад. Мутаассифона, қисме аз мардуми зудбовар ба доми фиреб ва иғвогар афтода, ҷони худро дар муҳорибаҳои хунини ҷангӣ шаҳрвандӣ фидо карданд. Маҳз сабабгори ба хун оғӯшта кардани Тоҷикистони тозаистиқлол ва барафрӯзандаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ин ташкилоти тахрибкор аст.

Терроризм иҷрои амалҳоест, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал овардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани амнияти ҷамъият бо мақсади ба амал овардани вазъияти биму ҳарос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешавад.

Халқи тоҷик ва Тоҷикистониён, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно буда, ҷонибдори сулҳу амонӣ мебошанд.

Мо омӯзгорон, мураббиён ин гуна кирдорҳоро маҳкум мекунем. Дар айни замон андешидани чораҳо доир ба пешгирии ин кирдорҳо, ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият масъулияти таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати миллиамон, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ ва аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Бо тамошои филми «Решаҳои ноаён», ки тариқи васоити ахбори умум ба намоиш гузошта шуд, бори дигар аз тинати сиёҳ ва андешаву омоли манфури аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби назҳати ислом огаҳӣ пайдо намудем. Маълум гардид, ки ин нопокзодагон то ҳол бар муқобили давлату миллат садо баланд карда, хостори ноамниву бенизомӣ дар кишвар ҳастанд.

Аз ин рӯ, мо омӯзгорон рафтори хиёнаткоронаи ин табор нохалафонро маҳкум намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва наврасон камари ҳиммат бандем.

Шарҳ диҳед