Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 23, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи меҳнатии шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо ҷонибдорӣ аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А. дар конфронси сатҳи баланд

Изҳороти ҷомеаи меҳнатии шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо ҷонибдорӣ аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А. дар конфронси сатҳи баланд 

4 майи соли 2018 бо ташаббуси Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон шаҳри Душанбе, ки ҳамарӯза қабои нав ба навро соҳиб гардида истодааст, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид. Дар конфронси мазкур намояндагони аксари кишварҳои олам ширкат ва баёни андеша намуданд.

Тавре аз суханронии иштирокдорони конфронс баён гардид, имрӯз терроризм ва экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи аҳли сайёраро мехоҳад.

Тавре аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А. дар конфронс огаҳӣ пайдо намудем, номбурда ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломро яке аз созмонҳои ифротгаро, ки аз номи дини мубини ислом сӯйистифода менамояд унвон дода, наҳзатиёнро одамони бадгумон арзёбӣ намуда, бамаврид қайд намудааст, ки “исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд”.

Мо табибон ва кормандони шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар мавриди ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф намудани ҳизби наҳзати ислом ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем.

Шарҳ диҳед