Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Воскресенье, Август 19, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи меҳнатии шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо ҷонибдорӣ аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А. дар конфронси сатҳи баланд

Изҳороти ҷомеаи меҳнатии шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо ҷонибдорӣ аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А. дар конфронси сатҳи баланд 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризмро мунтазам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳри пешгирии чунин омилҳои номатлуб ба ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд. Аз ҷумла бо ташаббуси Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе 4 майи соли равон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, ки бори дигар аз ташаббусҳои наҷиби кишвари мо дар мубориза бо экстремизм ва терроризм шаҳодат медиҳад.

Чунонки огаҳӣ дорем, дар конфронси мазкур Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А. оид ба ташаббусҳои кишвари мо зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бо экстремизм ва терроризм муфид арзёбӣ намуд.

Вобаста ба фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом номбурда баёни андеша намуда, зикр дошт, ки “наҳзатиёнро одамони бадгумон буда, исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд”.

Аз ин нуктаи назар суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷ. А.-ро мо шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон дастгирӣ намуда, фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамоем.

Шарҳ диҳед