Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 22, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 шаҳри Бӯстон вобаста ба баргузории митинги ТЭТ ҲНИ

Изҳороти ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 шаҳри Бӯстон вобаста ба баргузории митинги ТЭТ ҲНИ 

Ҷомеаи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 кӯшишҳои хиёнаткоронаи Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки ҳамоиши тоҷикони муқимии Аврупоро дар шаҳри Берлин ташкил намудан мехоҳанд, маҳкум менамояд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб мефаҳманд, ки доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагон чун Кабирӣ амалӣ намуда, оромию осудагии Тоҷикистони азизро халалдор ва миллати тоҷикро сарсону хонавайрон намоянд. Миллати тоҷик як маротиба дарди ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида то ба имрӯз ба ҷароҳатҳои он даво мебахшад. Ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст дигар ба ин раҳпаймоӣ ва митингҳои бардурӯғи наҳзатиҳо бовар надорад, ҷузъ он камтарин инсонҳои гумроҳ ва хиёнаткор, инсонҳое, ки пешравӣ ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хушбахтии миллати тоҷикро намехоҳад.
Имрӯз Ватани азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ободу зебо ва мардум дар фазои оромию осудагӣ зиндагӣ дорад.
Мо, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам пайваста, ҳама як дилу як тан баҳри оромию осудагӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои фардои дурахшон паҳлуи ҳам истода, ҳиссаи арзишманду босазо гузошта, Ватани азизамонро орому обод нигоҳ медорем. Бар зидди ин қувваҳои нопок, фитнаҷӯ ва иғвогар муборизаи беамон мебарем. Нест бод хоини миллат ва душманони сулҳу оромӣ!

Шарҳ диҳед