Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи меҳнатии литсейи 1 шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани кирдорҳои хиёнатпешаи аъзоёни Паймони миллии Тоҷикистон

Изҳороти ҷомеаи меҳнатии литсейи 1 шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани кирдорҳои хиёнатпешаи аъзоёни Паймони миллии Тоҷикистон 

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аз рӯзҳои аввали дар харитаи ҷаҳон пайдо шудан бо гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, мураттаб намудани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоии ҷумҳурӣ оғоз намуд, лекин мутаассифона ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо маблағгузориву раҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзатиён ба миён омад як андоза ба ин ислоҳот халал расонид.
Имрӯз саҳифаҳои таърихи соҳибистиқлолиро омӯхта ба ҳаёти сиёсии он баҳо дода мехостем, донем, ки фаъолияти «Ҳизби наҳзати ислом» чӣ гуна буд? Оё манфиатҳои халқи тоҷикро дарк намуда буд ё дарк карда истодааст? Ба мо маълум аст, ки 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҶШС Тоҷикистон» қарор қабул гардид, ки он барои ошкоро фаъолият намудани ҳизбу созмонҳо замина муҳайё кард.
​Аз соли 1990 «Ҳизби наҳзати ислом» низ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Дар ҳамин солҳо барои халқи тоҷик тибқи барномаи «Ҳизби наҳзати ислом» масъулини он оид ба манфиати халқ, беҳбудии афкори сиёсии халқ кадом корҳоро иҷро оварда тавонист ва оқибати он чӣ гуна буд?
Мехостем андешаҳои раиси «Ҳизби наҳзати ислом» Кабириро, ки аз соли 2006 сарварии ҳизбро ба ӯҳда дошт тариқи воситаҳои ахбори умум шунида, то чӣ андоза бо халқ ва барои халқ хизмат кардани ин ҳизбро таҳлил намоем.
Имрўз аз саҳифаҳои маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф ҳастем, ки роҳбари ташкилоти экстремистӣ — террористии ҳизби наҳзати ислом дар хориҷи кишвар қарор дошта, бар зидди арзишҳои миллӣ амал карда, пасипардагӣ фаъолияти ин ташкилот низ ба он ҷо кӯчонида шудааст. Чаро? Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ хизмати ин ташкилот дар баланд бардоштани некӯаҳволии иҷтимоии халқ, «андеша», «барнома», «чорабиниҳо»-и ин ҳизбро шунидан мехостем. Ба андешаи халқи азиятдида наҳзат онест, ки дар ҳамаи давру замон манфиати худро аз манфиати аъёову пайравонаш боло медонад.
Дониши сиёсии мо, саҳифаҳои таърих, махсусан воқеаҳои фоҷиавии солҳои 90-ум, ки бо номи «Ҷанги бародаркуш», «Ҷанги таҳмилӣ» дар таърих тавсир ёфта, ин ҷанги бемаънии бародаркуш ба хоҷагии халқ бештар аз 10 млрд доллар зарари моддӣ расонид, таърихи аз ҷиҳати маънавӣ бою пурфарҳанги тоҷикро коста гардонид. Ин кирдорҳо моро водор мекунад, ки ҳар андешаи худ, масъулияти худро ба тарозуи ақл монда, ҳаёти сиёсии мамлакатро пеш барем, ҳифз намоем.
Ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистони маҳбуб, ки ба номи Пешвои миллат марбутии қавӣ дорад ҷомеаро ҷониби муваффақиятҳои беназир равона месозанд.
Мо ҷонибдори сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ҳастем ва ҳамагуна кирдори разилонаи хоинони миллати тоҷик бахусус аъзо ва пайравони Паймони миллии Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем.

Шарҳ диҳед