Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи меҳнатии китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани аъмоли хиёнаткоронаи Паёмони миллии Тоҷикистон

Изҳороти ҷомеаи меҳнатии китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон оид ба маҳкум намудани аъмоли хиёнаткоронаи Паёмони миллии Тоҷикистон 

Кабирӣ барои ҳарзабофӣ остин барзадаст!

Вақтҳои охир тавассути шабакаҳои интернетӣ ҳарза ва сафсатаҳои Муҳиддин Кабирӣ, Юнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов ва дигар пайравони гумроҳи ин хоинони Ватан паҳн гардида истодааст. Гап сари ҳарзабофии ин фурухташудагон намеравад, гап сари он аст, ки ин нохалафон бо ин амалҳои ноҷавонмардонаи худ ба обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ латма мезананд. Кабирӣ ва ҳаммаслакони фурӯхташудаи ӯ бо дастгирии бархе аз хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд оромии Тоҷикистонро вайрон намуда, бо воситаи дасисабозӣ, таассуби диниву мазҳабӣ миёни ҷомеа тафриқа андозанд, мардумро ба гумроҳӣ бурда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Мардуми мо дар гузашта шоҳиди хиёнаткориҳои ташкилоти ифротиии ҳизби наҳзати ислом гардида буданд. Аслан ҳизби наҳзати ислом гуфтан дуруст нест. Ба он хотир, ки наҳзатиёни бешараф ба хотири амалӣ намудани  нақшаву барномаҳои нопоки худ номи исломро истифода намуда, аён аст, ки дини ислом ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳеҷ ниёз надорад. Онҳо номи исломро чун ниқоб истифода намуданд.

Мусаллам аст, ки таърихи талхи солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷангу нооромиҳои он замон, ки сабабгори он рӯзҳои мудҳиш наҳзатиён буданд, то ба имрӯз аз ёди мову таърих фаромӯш нашудааст ва нахоҳад шуд. Дар ҳамон давра роҳбарон ва пайравони ҳизби терористии наҳзат миёни мардум тарифқа андохта, майдонҳо ташкил намуданд. Мардуми ноогоҳ фирефтаи назару андешаи ин қабил ашхоси бевиҷдон гардида, муқобили якдигар тиру туфанг кашиданд. Оташи ҷангу зулм қариб буд, ки Тоҷикистонро ба коми худ фурӯ барад. Хушбахтона он пешгирӣ ва мардум сари сулҳу якдилӣ андеша намуда, кишварро аз вартаи нобудӣ раҳо намуданд. Аммо Кабириву Юунуси Истаравшанӣ ва чанде аз хоинони дигар кӯшиш доранд, то он ҳодисаҳои талхи замони гузаштаро дубора такрор намоянд. Мақсади онҳо, бозиҳои пасипардагии онҳо ба хурду бузург маълум гардида истодааст. Яъне ин разилон бо дастгирӣ ва пуштибонии хоҷагони худ бори дигар талош намуда истодаанд, ки мардумро гумроҳ намуда, мақсадҳои номоки худро амали гардонанд. Навиштани суханҳои бофтаву сохта, баромадҳои ғаразноку бадномкунандаи Муҳиддин Кабирӣ, Юнуси Истаравшанӣ ва дигар хоинони миллат дар шабакаҳои интернетӣ албатта, ки ба рушди Тоҷикистон, сулҳу субот ва оромӣ, якдиливу ҳамбастагии мардуми мо таъсир гузошта наметавонад. Дуруст аст, ки мардуми мо ин хоинони миллатро одам ҳам ҳисоб намекунанд ва нахоҳанд кард. Вале сиёҳкориву сиёҳгӯии ин бешарафон моро водор намуд, ки дар қатори дигар мардуми мамалакат ҳарзаҳои Кабирӣ ва Юнуси Истаравшаниро маҳкум созем. На танҳо маҳкум созем, балки лаънат хонем ба ин фурӯхташудаҳо, ба чунин разилону нобакорон!

Ҳеҷ бовар намеояд, ки тоҷик ба муқобили ватану миллати худ, ба муқобили падару модар, додару хоҳар ва пайвандону наздиконаш чунин амалҳои носазоро анҷом медиҳад. Аслан, ки Кабирӣ, Юнус ва пайравони ӯ ҳақ надоранд, ки худро тоҷик гӯянд, онҳо аз ин ҳақ маҳрум гардиданд. Ин ҳукми миллати тоҷик аст, ки ҳеҷ як додгоҳ қудрати тағйир додани ин ҳукмро надорад. Ҳукме аст, ки то охири дунё боқӣ мемонад ва дар саҳфаҳои таърих нақш мебандад. Зеро ҳеҷ як гуноҳ бадтар аз ватанфурӯшиву, миллатфурӯшӣ нест. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба хотири маблағи ночизе  ба миллати худ ва ба ҳаммиллатони худ хиёнат кард. Ӯву наҳзатиён аз солҳои 2010 инҷониб кӯшишҳои нооромии кишварро намуда, намунаи равшан он буд, ки  соли 2010 дар водии Рашт афсарону сарбозони бегуноҳро ба қатл расониданд, то бо ин восита миёни мардум тафриқа ва ҷудоиандозиро роҳандозӣ намоянд. Яъне тавассути «лой намудани об» хостанд «моҳӣ» доранд. Ин сайди сайёдони ҷаллод барор нагирифт. Наҳзатиёни ифротӣ пас аз ин бозиҳои пасипардагии худро давом дода, соли 2015 бори дигар кӯшиш намуданд, то дар кишвар табадуллот намоянд. Хушбахтона ин дафъа ҳам тирашонро хок хӯрд, кош худашонро хок мехурду дигар онҳо ба номи тоҷик иснод намеоварданд. Пас аз ин талошҳои ноком аъзоёни ҳизби терористии наҳзат рӯ ба гурез оварда дар бархе аз кишварҳои Аврупо лона гузоштанд. Кӯшишҳои бадхоҳонаи онҳо соли 2018 низ идома ёфт. Яъне дар ноҳияи Данғара соли 2018 чанде аз сайёҳони хориҷӣ ноҷавонмардона аз ҷониби наҳзатиён ба қатл расонида шуданд. Бо ин амал наҳзатиёни ифротӣ гумон карданд, ки ин дафъа нақшаашон малӣ мегардад, вале боз ҳам нокм шуд Кабирӣ!

Имрӯз Кабириву Саидюнус, (ин дафъа тахаллуси Истаравшанӣ аз номи  Юнусро гирифтам, ба он хотир ки мардуми Истаравшан инро борҳо мехостанд ва дар ҳар суханрониҳои худ изҳор медоранд, ки Юнус дигар Истаравшанӣ гуфта нашавад, ӯ беватан аст) ва дигар пайравони онҳо аз кишвари бегона истода ба хонаи худ, ба сӯи падару модар ва ёру бародари худ санг меандозанд. Онҳо чунин мепиндоранд, ки бо ин амалашон хоҷагони хориҷиашон ба онҳо унвони «қаҳрамонӣ» медиҳанд. Як нуктаро бояд гуфт, ки Кабириву ҳаммаслаконаш танҳо ба хотири маблағҳои ночиз ба бозичаи дастони хоҷагони хориҷиашон табдил ёфтаанд.  Мавқеъгирии нодурусти ин фирефташудаҳо низ маҳз ба хотири ҳамин аст. Ҷоҳу ҷалолталошӣ чашми онҳоро кур намуда, дар баданашон хуни мардӣ намондааст. Аз инсофу виҷдон ҷойи гап нест. Магар чигуна метавон дур аз кишвар ба ҳарзагӯиву сафсаттабофӣ остин барзад. Мард бояд барои ободониву пешрафти кишвараш камари ҳимат мебандад, на тафриқаандозиву ҷудоиандозӣ. Ин амали Кабириву ҳаммаслаконаш амали нобахшиданист.

Бори дигар ёдрас мешавам, ки бархе аз ҷавонони ногоҳ ҳоло ҳам ба дурӯғгӯиҳои Кабириву чанде дигар бовар намуда, зери фармони онҳо фаъолият доранд. Ин идда ноҷавонмардон дар симои Муҳиддин Кабирӣ намедонем, киро мебинанд. Ҳатто кӯдаки хурдсол ба ҳарзаҳои Кабирӣ бовар намекунад. Агар ҷодугарии Кабириро бархе аз ҷавонони мо дарк намуканд, оянда ҳам мисли ӯ ватанфурӯшу хоин боқӣ мемонанд.   Инро мо аз сари дилсӯзи ба Шумо ҷавнони ноогоҳ гуфтем, ки роҳи интихобатон ба торикӣ мебарад. Зеро дар урфият мегӯянд, ки «агар бини, ки нобинову чоҳ аст, магар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст» Кабирии сифатшайтон мехоҳад аз ҳисоби чунин содадилону гумраҳон сафи худро зиёд намуда, ба нафъи худ истифода кунад. Аз ин хотир қариб пайваста тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ Кабирӣ, Юнус ва дигар пайравонашон сафсаттфбофӣ доранд, то ниятҳои нопокашон амалӣ гардад. Лекин ҳамаш беҳуда аст. Ба он хотир, ки мо дигар фирефта намешавем, мо Ватани худро дӯст медорем, мо як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!

 

 

 

Шарҳ диҳед