Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Воскресенье, Август 19, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо ҷонибдорӣ аз андешаи Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар оид ба маҳкум намудани фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом

Изҳороти маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон бо ҷонибдорӣ аз андешаи Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар оид ба маҳкум намудани фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом 

Мо кормандони маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон муҳимияти сулҳу субот, оромиву иттиҳод ва ваҳдати миллиро дарк намуда, бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради мардуми шарифи кишвар ба даст омадани оромиву суботро эҳсос намуда, худро ҳамчун ҳомӣ ва пуштибони амнияту пайванди ваҳдат меҳисобем.
Боиси ифтихору саодатмандист, ки имрӯзҳо зери роҳнамоиву ҳидоятҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, дар тамоми соҳаҳо пешрафту музаффариятҳо мушоҳида мешавад.
Тавре аз таърихи начандон дури давлати навини миллӣ мушоҳида мешавад, дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо сарпарастии хоҷагони хориҷӣ ва амали фарзандони гумроҳи миллат-аъзои ҳизби наҳзати ислом дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва андешаи мардуми кишварро бар зидди арзишҳои милливу давлатӣ раҳнамоӣ намуданд. Ҳазорон нафар ҷавонони моро гумроҳ намудаву модаронро аз фироқи фарзанд ба ғам ва бемориҳои руҳиву равонӣ гирифтор намуданд. Дар маҷмуъ ин ҷанги бемаънӣ ба кишвар хисороти зиёди моддиву маънавиро ба бор овард.
Хушбахтона бо ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини фазои ҳамдиливу саодатмандии сокинони кишвар роҳи рушди давлатдории навини миллии мо бо талош ва кӯшишҳои ғамхоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардид.
Мутаассифона аз ин ҳама дастовард ва пешрафтҳои мадуми мо бархе аз фарзандони нохалафи миллат аз ҷумла — аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом дидан натавонистанд ва бори дигар дар замони соҳибистиқлолӣ хостори табаддулоти давлатӣ гардиданд. Боиси хушнудист, ки аз ҷониби неруҳои қудратии кишвар ва талошу кӯшишҳои ватандӯстонаи аҳолӣ садди роҳи ин ноҷавонмардиҳои аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом гирифта шуд. Дар кишвпр бо нарори Суди Олӣ ин ҳизб ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф ва фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Ин қарори Суди Олии кишварро як қатор кишварҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамовозии хешро оид ба маҳкум намудани фаъолияти ғайриқонунии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом баён намуда истодаанд.
Аз ҷумла зимни суханронии хеш Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, ки дар кишвари мо 4 майи соли равон баргузор гардид, андешаҳои хешро перомуни муборизаи дастаҷамъона бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ибрози назар намуда, бо дарки воқеияти муҳим баён доштааст, ки «Ин наҳзати қалбакӣ — кори одамони гумроҳ аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд».
Мо кормандони маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон низ ин андешаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамагуна фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломро маҳкум намуда, намегузорем, ки ин нохалафон ба сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ осебе расонанд.

Абдуллоев У.О.                     Раззоқов А.
Негматов А.                          Асророва Н.Д.
Исмоилов И.                        Назаров С.
Обидова А.                           Саидова М.
Сатторова М.                       Тошпӯлотова Г.

Шарҳ диҳед