Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти кормандони ширхоргоҳ- кӯдакистони №15 шаҳри Бӯстон оид ба фитнагариҳои навбатии ТЭТ ҲНИ

Изҳороти кормандони ширхоргоҳ- кӯдакистони №15 шаҳри Бӯстон оид ба фитнагариҳои навбатии ТЭТ ҲНИ 

Таърихи наздиктарини гузаштаи меҳан гувоҳи он аст, ки халқи тамаддунофари тоҷик бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ватани маҳбубро сари вақт аз коми оташ берун оварда буданд.

Наҳзатиҳо мисли ҷангҳои солҳои шаҳрвандӣ, мардумро боз гумроҳ пиндошта, ҳамчун хаси сари роҳ истифода карданианд. Ба гунаи нафаре, ки аз оби лойолуд ба моҳигирӣ иштиёқманд аст онҳо ҳамаи услубҳоро истифода карда, нобуди ҷойдоди сиёсӣ ва дарки шинохти комил аз вазъият, роҳбарони гурезаву ифротии наҳзатро дучори парешонии ҳолу аҳвол ва гуфтору рафтор кардааст. Роҳи пешниҳодшудаи «Кабирӣ» барои митинг, ки мулкро бедарвоза пиндоштааст, майдони таблиғотии наҳзати ошӯбгарро тавсеа бахшиданӣ аст, аз чанд сӯ суст ва бепоя аст.

Бозҷӯйиҳои   нав  баронанд, ки   амволи  Кабирӣ   бамаротиб болотар аз он будааст, ки 3млн доллари ИМА +1.2млн доллар барои Ҳоҷи Ҳалим дар соли 2015 додааст. Парастории хориҷии ӯ ба миқдори милионҳо долар барои ноором сохтани Тоҷикистон ба ӯ сармоя кардааст. Мо кормандони ширхоргоҳ- кӯдакистони №15  ба чунин шахсоне, ки фирефтаи таблиғоти назҳатӣ мегарданд гуфтанием, ки корҳои ташкилии онҳо ҳамавақт беасос монда натиҷае надорад. Он хиёнатгарони Ватан, ки ба Тоҷикистони азиз бо чашми ғараз менигаранд, сарҷаъмона корбарӣ намуда намегузорем, ки ба  Ватани ободу озоди мо боз хоре халад.

Шарҳ диҳед