Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Доғи модарзодӣ ба марҳам даво намешавад…

Доғи модарзодӣ ба марҳам даво намешавад… 

Вақтҳои охир масъалаи гирдиҳамоӣ баргузор намудан ва суҳбатҳо намудан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба масъалаи меҳварии хоинони миллат қарор гирифтааст. Ба саҳифаҳои интернетии шаҳрвандони Тоҷикистон даъватҳои зиддиҳукуматӣ пайдо шуданд, ки баҳри ноамниву нооромиҳо дар кишвар мардумро даъват мекунанд.

Онҳое ки тарғиб мекунанд, маълум, ки пайрав ва ё думрави созмонҳои опозитсионӣ ҳастанд ва ё аниқтар карда гӯем, раҳгумзадагонанд ва табиист, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон аз ҳар роҳу восита истифода мекунанд.

Аммо барои ман ҳақиқати дигаре ҳам ошкортар гашт. Тариқи телевизион гузоришеро аз пушаймонии як нафар собиқ аъзои “Гуруҳи 24” намоиш доданд ва ӯ ошкоро чӣ тавр раҳгум заданашро баён кард.

Дигар яке аз донишҷӯёни тоҷики муқими Аврупо дар Фейсбук як чизи аҷибро нақл кард. Бино ба гуфти ӯ намояндагони ТЭТ ҲНИ ва дигар шахсони бадтинат ӯро барои иштирок дар гирдиҳамоӣ тарғиб кардаанд. Дигар ба гуфти ӯ ӯзбекон ва қирғизҳое, ки дар Олмон ва ё дигар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд,  барои  иштирок  дар гирдиҳамоӣ ҷалб мегарданд.

Роликҳои видиоие, ки бо иштироки  мардуми африқоӣ, аврупоиён бо шиори “Озодӣ ба Тоҷикистон” нашр кардаанд, мантиқе надорад. Африқоие, ки дар Тоҷикистон қадам нагузоштааст ва ё занони куҳансоли аврупоӣ аз куҷо ҳақиқати ҳоли кишвари моро медонанд?  Бо каме “каромот”-и пулӣ барои хоҷагон хоинони миллатро харидан ҳеч мушкилӣ надорад.  Чанд бехонумонро ба дасташ шиор дода онҳоро наворгирӣ кардан ва ҳамин наворро ба хоҷагони хориҷӣ нишон дода маблағ ситониданро бадхоҳон ба хубӣ метавонанд.

Митинг ва ё гирдиҳамоие, ки дар шаҳри Берлин баргузор мегардад, дурӯғ, сохта, маснуъ буда, дар он самимият нест. Онро митинги зархаридону гумроҳон ва аз ҳақиқат бехабарон номидан мумкин аст.

Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни  хиёнаткору миллатфурӯши ҲНИ ҳаргиз оромиву ободии ин диёри зеборо дида наметавонанд, зеро онҳо доғи модарзодии баддаҳонӣ доранд, ки ягон марҳам онро  даво бахшида наметавонад.

Муродулло Шомаҳмадов,

Директори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед