Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Дасисабозиҳои наҳзат

Дасисабозиҳои наҳзат 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунад ва на давлатро. Терроризму ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.»

Терроризму ифротгаро мисли кони дасисаеанд, ки нав ба нав дасисабозиҳои хешро ҷилва медиҳанд. Дурӯғпардозӣ, мардумфиребӣ, иғвоангезӣ, роҳзанӣ хоси террористу ифротгарост. Ин ашхос офати ҷону дили мардуми осоишта гаштаанд. Оромиву осудагии мардуми сулҳхоҳу оромиҷӯро халалдор сохтаанд. Хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ амали бадфарҷоми ин тоифа мардум мебошад. Ба ақидаи мо, омӯзгорон муборизаи самарабахш алайҳи террористу ифротгаро ва тундгароии хушунатангез танҳо бо додани донишу маърифати дуруст ба шогирдон мебошад. Агар сатҳи маърифатнокии хонандагон баланд бошад ва онҳо ба қавли сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонанд, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳе, ки поёнаш нокомиву бадбахтист, қадам намегузоранд. Ба воситаи илму дониш ва касбу ҳунар метавон бар зидди ин афрод муборизаи беамон бурд. Ҳисси мардонагиву фидокорӣ, ҳимояи марзу бум, арзишҳои фарҳангиву иродаи қавиро бояд дар оила падару модарон ва дар муассиса дар соатҳои тарбиявӣ роҳбарони синф ва дар дарсҳои таъриху адабиёт омӯзгорон омӯзонанд. Аз корнамоиву фидокориҳои қаҳрамонони халқ ба мисли Темурмалику Восеъ, аз  ватандӯстиву халқпарварии Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Лоиқ мисолҳо оранд. Барои тарбияи насли наврас, хусусан ҷавонон аз ашъори Муҳаммад Иқбол истифода намоянд. Инчунин, саҳми волидайн дар ин ҷода хеле зарурист. Барои ояндаи хуби фарзандон, оромиву осудагии зиндагии онҳо, обрӯву эътибори онҳо дар ҷомеа падару модарон, омӯзгорон ва баъдан худи ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Мо омӯзгорон бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки шогирдон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, омӯзиши илму дониши муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд. Қобили зикр аст, ки танҳо ҷавони босаводу соҳибмаърифат ва дорои зиракии сиёсӣ метавонад дар оянда давлати соҳибистиқлоламонро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунад ва обрӯву эътибор Тоҷикистони азизамонро дар байни кишварҳои пешрафта боз ҳам баландтар гардонад ва ба бемориҳои бузургманишӣ, ки ба сари ватани азизи мо мусибат меорад, иҷозат надиҳад. Зеро марому мақсади ин гуна ашхос воқеият надорад ва ҳамеша дар сурати маҷозӣ боқӣ мемонад.  Наҳзатиҳои мардумозор ва ақрабманиш хиёнаткор ва риёкор мебошанд. Онҳо ба мисли чоҳи пур аз иғво дар тинати мардум тухми нифоқ ва душманиву ҳасадро мекоранд. Бинобар ин аз ҳамаи шаҳрвандон, алалхусус аз шаҳрвандони муҳтарами ҷумҳурӣ, ки алҳол дар Олмон иқомат мекунанд, даъват ба амал оварда мешавад, ки ба ин гуна дасисабозиҳои наҳзатиҳо фирефта нашаванд ва арзишҳои миллии худро ҳимоя намоянд, чунки наҳзатиҳо ҳамеша дар фироранд, аммо онҳоро ватани азизашон ҳамеша интизор аст.

                                Каримова Г. А., директори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии № 3-и шаҳри Бӯстон