Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид

Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид 

50549072_1272184089604011_2345596045389463552_o

Имрӯз, 25 январ дар толори бинои нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раъно Ҳошимзода ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласаи Шӯро аъзоён ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои татбиқи нишондоҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳо аз маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар 21 январи соли 2019, татбиқи муқаррароти «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020″ ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини раиси шаҳр Хуршед Сатторзода оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии шаҳр дар соли 2018 ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ соли 2018 дар як қатор чорабиниҳои гуногунсатҳ ширкат намуда, дар раванди вусъати корҳои ободониву созандагиҳо саҳмгузор гардиданд.
Бо пешниҳоди раиси Шӯро Раъно Ҳошимзода аз ҷониби аъзоён Низомномаи Шӯро дар таҳрии нав ва нақшаи кории Шӯро барои соли 2019 тасдиқ карда шуд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Раъно Ҳошимзода дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри саҳмгузорӣ дар рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии шаҳр даъват ба амал овард.
Дар интиҳо як қатор аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баҳри дастгириҳои пайваста ва шароити мусоиди фаъолият ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуда, зикр доштанд, ки баҳри рушди босуботи Ватан саҳмгузор хоҳанд гардид.

Шарҳ диҳед