Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Ноябрь 13, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ватан-хонаи умеди мо

Ватан-хонаи умеди мо 

Маро дар домани ин хок модар зод аз доман,

Ки то хокам нагирад,  даст аз ин доман намегирам.

Домани хоки  ватанам муқаддас, азизу муҳташам, дилкаш аз накҳати гулҳои атромез, ҳамешабз бо дарахтони муъҷизаофаринаш, сарфароз бо кӯҳҳои осмонбӯсаш буду ҳаст. Гузаштагшони мо дар домани ин хок тавлид ёфта, бо дониш, ақлу заковат роҷеъ ба масъалаҳои хушгузаронии умр, мардиву одамгарӣ, меҳру муҳаббат  байни инсонҳо,  қатъи назар аз дину миллат, беҳдошти саломатӣ, ватандорӣ, ҳифзи он ва дигар масоил ақидаҳои пешқадами хешро баён намуда, ба ин васила номи қавми тоҷикро муаррифи ҷаҳониён намуданд. Рӯдакиву  Фирдавсӣ, Сино, Ҳофизу Бедил, устод Айниву Турсунзодаву Лоиқ дар офаридани сухани ноб ва ба воситаи он паҳн намудани афкори пешқадам  ба манфиати оламиён,  бо мероси беандоза фузун номи худро дар саҳифаи таърих гузоштаанд.

Мутаассифона, ашхосе ёфт мешавад, ки оромии Тоҷикистони азизро бо чашми камбин менигаранд, барои ноором сохтани вазъи осоиштаи мардум, таҳти иғвогарони хориҷи кишвар тадбирҳо андешида, бо ин роҳ амалҳои нопоку даҳшатоварро ба сомон расонад.

Суханронии Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли равон бо роҳбарон ва фоъолони ВМКБ бори дигар нишон дод, ки алоҳида шахсон оромиву амонии мардуми Бадахшонро ҳам дар вилоят ва ҳам берун аз он  халалдор намуда, обрӯю эътибори Боми Ҷаҳонро дар арсаи байналмиллалӣ паст зада истодаанд. Вавле ба ин нигоҳ накарда мардуми Бадахшон суханони Пешвои муаззами миллат муьтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.  Имрӯз вазъият  дар Бадахшон мӯътадил буда, халқ ба созандагию ободкорӣ машғул шуда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ  мекунад.

Мо омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 10 ба номи профессор Карим Абдулов вазифадор ҳастем Ватанамонро, ки имрӯз хонаи умеди мо мебошад, аз душманони дохилию берунӣ ҳифз кунем. Дар раванди таълиму тарбияи насли ҷавонон кӯшиш ба харҷ оварем, ки ҷавононро худшиносу худогоҳ ба камол расонем.

Маҳмадқулова Г.,

омӯзгори МТМУ № 10 ба нои пр.К.Абдулов

Шарҳ диҳед