Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем

Ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем 

Боиси хушнудиву нишот ва саодатмандист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб бо ибтикор ва хиради азалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон силсилаи иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта шуда истодааст. Маҳз дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор гирифтани масоили дастгирии давлатии ҷавонон моро водор месозад, ки бо такя ба ин пуштибониву имкониятҳои фароҳамгардида, баҳри рушди босуботи Ватан ва таъмини рӯзгори ободу осуда ҷаҳду талош намоем.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар баробари таъмини чунин имконот ва ғамхориҳо иддае аз ноҷавонмардон баҳри расидан ба нақшаву ниятҳои нопоки хеш ҷаҳду талош намуда, хостори беназмиву бесуботӣ дар кишвар мегарданд. Аз табори чунин гумроҳон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ҷавононро гумроҳ созанд.

Бо дарки муҳимияти сулҳу субот, оромиву ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки аз ақлу заковат, донишу андешаи солим кор гирифта, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, Ватанамонро чун гавҳараки чашм аз хоинону душманони миллат ҳифз намоем.

Мамнур Нурзода

Шарҳ диҳед