Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Ноябрь 25, 2017
Шумо дар саҳифаи Home » Варзиш ва сайёҳй

Варзиш ва сайёҳй

ҲИСОБОТИ

фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар ёздаҳ моҳи соли 2015

 Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм» фаъолияти худро дар самтҳои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ, фарҳангӣ, фароҳам овардани муҳити солими ахлоқӣ дар байни ҷавонон, бо кор таъмин намудани ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ байни ҷавонон, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон равона намудааст. Бобати иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ давоми фаъолият чорабиниҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ, иҷтимоию маърифатӣ, варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷавонон зери ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, пайваста дастгирӣ меёбанд.

Тибқи нақша-чорабинии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов санаи 13 январи соли 2015 дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Чкалов ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов бо сохторҳои амудии он ва мураббиёни мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳр баргузор гардида, муҳокима ва вазифагузорӣ карда шуд.

Чорабиниҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Тибқи нақша-чорабиниҳои бахшчорабиниҳову озмунҳо ва мусобиқаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ, иҷтимоию маърифатӣ, варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 12 феврали соли 2015 вохӯрии судманд бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёна оиди меҳанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, маданият ва одоби либоспӯшӣ, даст назадани ҷавонон ба ҳар гуна ҷинояткориҳо баргузор гардид.

Санаи 6 марти соли равон бахшида ба Рӯзи модар иншо ва газетаҳои девории беҳтарин таҳти унвони “Қадри модар” байни толибилмони муассисаҳои шаҳри Чкалов баргузор гардид.

Санаи 18 марти соли ҷорӣ озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Офтобтарозу” бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гардид.

 

Мусобиқаҳои варзишӣ

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов фаъолияти худро дар ёздаҳ моҳисоли 2015 баҳри амалӣ гардонидани бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», нақшаҳои тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ, оммавӣ-солимгардонӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои вилоятӣ, бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ва қарори Раиси шаҳри Чкалов «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба роҳ монда, натиҷаҳои назаррасро ба даст овард.

Дар шањри Чкалов як мактаби варзишии бачагон ва наврасон (МВБН) аз рӯи 13 намуди варзиш амал мекунад, ки шумораи тарбиятгирандагони он 491-нафар буда аз онҳо 48-нафарашонро духтарҳо ва бонувон ташкил мекунанд. Бо онҳо 19-нафар мураббиён фаъолият мебаранд.

Дар он кормандони МДМВБН: 2-нафар дорандаи унвонҳои корманди шоистаи варзиш Шарипов З.А, Расулов Т.Р.) ҶТ, 1-нафар устоди хизматнишондодаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳасанов Абдусалом) 1-нафар Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, мурабии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурабии дараҷаи олӣ (Ҳасанов Х.М.) 6-нафар устоди варзиши ҶТ, (Шарипов З.А, Расулов Т.Р, Абдуҳомидов А. Бобоҷонов А. Шодиев А. Нуъмони Сайламшо 3-нафар НУВ 1-нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 7-нафар дорои тахассуси дараҷаи якум ва 4-нафар дорои тахассуси дуюм ва 7 нафар бе тахассус мебошад. 4 нафар дорои маълумоти олии варзишии мебошанд. (Ҳасанов Х.М, Ҳасанов А.М, Расулов Т.Р, Бобоев Ш.) ва 13-нафар дорои маълумоти миёнаи махсуси варзиши мебошанд.

Дар МД МВБН-и шаҳри Чкалов аз рўи намудҳои волейбол, муштзанӣ, вазнбардорӣ,шашка, футбол,гӯштини юнонӣ – румӣ,гӯштини самбо, варзиши сабук, қаиқронӣ, карате-до, гӯштини дзю-до, гӯштини тарзи озод, якҳарбаи шарқӣ

Ҷамъи гурӯҳҳо ҳамагӣ 47-гурӯҳ варзишгарон 491-нафар аз онҳо 48-нафарро духтарҳо ва бонувон ташкил медиҳанд.

Дастпарварони мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳри Чкалов дар соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриву байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Аз 25 то 28 феврали соли 2015 Чемпионати вилояти Суғд оид ба бокс байни мардон ва бонувон бахшида ба Иди байналмиллалии «Наврӯз» дар толори варзишии шаҳри Чкалов баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 80 нафар варзишгар аз 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа варзишгарони шаҳри Чкалов ба гирифтани 3 ҷои аввал, 3 ҷои дуввум ва 2 ҷои сеюм мушарраф гардиданд.

Санаи 28-29 марти соли 2015 дар н. Ҷ.Расулов мусобиқаи кушоди вилоятӣ бахшида ба кушодашавии қасри Фарҳанг шуда гузашт, ки дар он 68 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Спитамен, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ваЧкалов иштирок карданд. Дар ҷамбасти мусобиқа 3 нафар варзишгарони мактаби мо зинаи III-юмро ишғол намуданд.

Санаи 27 апрели соли 2015 спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Суғд оид ба бокс (марҳиллаи II), ки дар ш.Хуҷанд шуда гузаштварзишгарони шаҳр иштирок карда 1 адад ҷои I, 4 адад ҷои II, ва 1 адад ҷои III- ро ишғол намуда, 1 нафарашон ба спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ки дар ш.Душанбе баргузор мегардад, ноил гардид.

Аз санаи 30.04 то 3.05 2015 сол мусобиқаи кушоди н.Б.Ғафуров оид ба бокс дар Амфитеатри навбунёди Қасри Арбоб баргузор гардид, ки дар он варзишгарони мо иштирок карда 2 ҷои аввал, 4ҷои II, ва 1 ҷои III-юмро соҳиб гаштанд.

Муштзанӣҷавон Ҳасанов Хушнудҷон иштирокчии бозиҳои Осиё аз санаи 6 то 14 июни соли 2015 дар шаҳри Тошкант иштирок варзид.

Санаи 23-25.10.2015 дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати вилот оид ба гуштингирӣ гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгарон ширкат варзида: Аврангзеби Аскархон 55кг ҷои III, Собиралиев Паҳлавон 60кг ҷои III, Зайниддинов Умед 86кг ҷои III. Вадудов 90кг ҷои III ро ишғол намуданд.

Санаи 3-4 .11.2015 дар шаҳри Чкалов мусобиқаи шаҳрӣ оид ба гуштингирӣ бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, 8 нафар варзишгарон ширкат варзида дар вазни 60кг Холов Алиҷон ҷои I. Сабралиев Паҳлавон 60кг ҷои II. Вазни 70кг Мӯминшоев Ҳусайн ҷои III, аз 90кг боло Вадудов Ҳотамшо ҷои I ро ишғол намуданд.

Санаи 6-7 .11.2015 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ байни наврасон оид ба гуштини Дзюдо гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа 6 нафар варзишгарон иштирок намуда: Ниёзов Некрӯз дар вазни 55кг, ҷои I, Зардаков Ҳусейн 48кг ҷои III ишғол намуданд.

Санаи 17-18.11.2015 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ММОВВ байни калонсолн оид ба гуштини Самбо гузаронида шуд. 16 нафар варзишгарони шаҳри Чкалов ширкат варзида ва: Вадудов Ҳотамшо 90кг  ҷои I. Беков Хизрулло 74кг ҷои II. сабралиев Паҳлавон 62кг ҷои II, Нуралишоев Сабурӣ 68кг ҷои III ро ишғол намуданд.

Санаи 21-23 .11.2015 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ байни наврасон оид ба гуштини самбо бахшида ба рӯзи ПарчамиҶТ гузаронида шуд, 30 нафар варзишгарони МДМВБН иштирок карданд. Қадамо Сунатулло 35кг ҷои I, Раҳимов Сиёвуш 40кг ҷои I. Саидаббоси Сайдулло 45кг ҷои I. Юнусов Шероз вазни 50кг ҷои I, 6 нафар варзишгарон ҷои II, 8 нафар ҷои III, дар вазнҳои худ ишғол намуданд.

Санаи 28-29.11.2015 сол дар толори «Ҷашнӣ» и шаҳри Чкалов Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-дои миллӣ ва Годзюру байни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 12 нафар машқварзони МДМВБН ширкат варзиданд. ҷои I -ро Абдуллоева Маҳина, Турдиев Махкамбой, Сафаров Муҳаммад, Ташрипов Ф, Авлиёқулов А, Сафаров М. Дар синну соли худ, ва вазн ишғол намуданд.

Дар бораи фаъолияти машғулиятҳои шӯъбаи футбол:

Аз санаи 5 январ то 22 январи соли 2015 дар варзишгоҳи «Лочин» -и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои ширкати сохтмони «Равзана» байни сину соли 1997-1998, 1999-2000 ва 2001-2002 шуда гузашт,ки дар он футболбозони дастаи «Суғдиён»-и шаҳри Чкалов иштирок карда, байни сину соли 2001-2002 дар байни 8 даста зинаи II-ро соҳиб шуданд.

Дар байни сину соли 1999-2000 футболбозони дастаи «Суғдиён»-и шаҳри Чкалов дар байни 12 даста зинаи II- ро ишғол карданд. Байни варзишгарони сину соли 1997-1998 ҷои дуюмро соҳиб гардиданд.

Аз санаи 15 то 25 январи соли 2015 дар ш.Хуҷанд дар МВБН №1 мусобиқаи вилояти Суғд оид ба футбол барои дарёфти мукофоти «Бойчечак» байни наврасони сину солашон 1998-1999 шуда гузашт, ки дар он 10 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоятамон иштирок кардандва дар ҷамбасти мусобиқа футболбозони дастаи «Суғдиён»-и ш.Чкалов ба бозии нимниҳоӣ баромада ба дастаи «Лининг»-и ш.Хуҷанд вохӯрданд ва бо ҳисоби 2:1 ғолиб баромада, сазовори ҷои I гардиданд.

Аз санаи 25-26 майи соли 2015 мусобиқаи футболи хурд байни мактабҳои миёна байни наврасони сину солашон 13-14 сола барои ҶомиРаиси шаҳри Чкаловбаргузор гардид, ки дар он 6 даста иштирок кард. Дар бозии ниҳоӣ бошад, дастаи мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба гирифтани ҷои Iва дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр шарафёб гардид. Ҷои II МТУ №10 ва ҷои III Гимназияи №1 насиб гардид.

Санаҳои 14-15 марти соли 2015 мусобиқаи кушоди шаҳри Чкалов оид ба футболи хурди толорӣ дар толори ҷашнии шаҳри Чкалов шуда гузашт, ки дар он 6-то даста аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб-интернат иштирок карданд ва дар ҷамбасти мусобиқа ҷои I насиби дастаи гимназияи №2 ҷои II Гимназияи №1 ва ҷои III МТМУ №4 гардид.

Санаи 28 май то 5 июни соли 2015 дар варзишгоҳи Кирови ш.Чкалов мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои Ҷоми Раиси шаҳр шуда гузашт, ки дар он 10 то даста аз мақомотҳои шаҳри Чкалов иштирок карданд ва дар ҷамбасти мусобиқа ҷои Iнасиби дастаи шуъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои IIнасиби дастаи шуъбаи маориф ва ҷои IIIнасиби дастаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов гардида, ғолибон бо Ҷом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шарафёб гардиданд.

 

Дар бораи фаъолияти машғулиятигурӯҳҳои шашка ва шоҳмот:

Санаи 13-14 марти соли 2015 мусобиқаи кушоди байни бонувон баҳри дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Исфара бахшида ба «Соли Оила» ва ҳам ҷашниҷаҳонии Наврӯз шуда гузашт, ки дар он варзишдухтарони мо иштирок карда, зинаи III-ро ишғол карданд.

Санаи 27-02 то 3.03 соли 2015 мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шашка ва шоҳмот дар шаҳри Чкалов шуда гузашт, ки дар он 9 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоятамон иштирок карданд. Инчунин дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгарони мо иштирок карда, 3 нафаршонба гирифтани мақомҳои 1-2 ва 3 муносиб дониста шуданд.

Санаи 25-26 май соли 2015 дар Клуби шоҳмот ва шашкаи шаҳри Чкалов мусобиқаи кушоди ш.Чкалов байни бонувони мақомотҳои шаҳр  бахшида ба соли  оила баргузор гардид.

Аз 24 то 29 марти соли 2015 дар ш.Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот шуда гузашт, ки дар он варзишгарони шаҳр ишитрок карда ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва 5 нафарашон ҷои I-ро ишғол намуданд.

Дар бораи фаъолияти машғулиятҳои шӯъбаи вазнбардорӣ:

Санаи 21-22 феврали соли 2015 дар толори варзиши МДМВБН –и ш.Чкаловбахшида ба иди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Чкалов оид ба вазнбардорӣ баргузор гардид, ки дар он 4 даста аз шаҳри Панҷакент, Истиқлол — Хуҷанд ва Чкалов иштирок карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дар вазнҳои гуногун 11 нафар варзишгарони шаҳрҷойи I ва 7 нафарашон ҷои III-юмро ишғол намуданд.

Санаи 16-17 майи соли 2015 дар Толори варзиши маҷмаи “Ҷашнӣ” и шаҳри Чкалов Чемпионати вилояти Суғд оид вазнбардорӣ сеҳарбаи муосир гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои аз  шаҳри Панҷакент, Исфара, Истиқлол, Хуҷанд, Чкалов ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт ширкат варзиданд ва дар вазнҳои муайян натиҷаҳои зерин ба даст оварда, ҷойи аввалро ишғол намуданд. 4 нафар варзишгарони шаҳр ҷои аввалро ишғол карда, 2 нафар ҷои II ва 4 нафарашонҷои III- ро ишғол карданд.       Дар ин мусобиқа зиёда аз 60-нафар варзишгарон иштирок карданд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва Федератсияи Пауэрлифтинг (сеҳарбаи муосир) бо ифтихорномаю, медал сарфароз гардонида шуданд.

Санаи 7.06.2015 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ (сеҳарба) дар ш.Душанбе шуда гузашт, ки дар он Шарипов Қ дар вазни 52кг ҷои I ишғол намуд. Дар вазни 90 кг бошад Шитиков А зинаи III-ро ишғол намуд.

Санаи 28-29.11. дар Толори «Ҷашнӣ» и ш.Чкалов Мусобиқаи кушоди МВМОВ оид ба сеҳарбаи муосир гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 10 нафар аз  МДМВБН ширкат варзида: Хубоншоев Лутфишо дарр вазни 52кг, ШариповҚаҳрамон дар вазни 56кг, Қаҳоров Иброҳим аз 100кг боло ҷойҳои I -ро ишғол намуданд. 3 нафар ҷои II-ро ва 2 нафар ҷои III- ро ишғол намуданд.

 

Дар бораи фаъолияти машғулиятҳои шӯъбаи гӯштини юнонӣ-румӣ:

Аз 27 то 28 январи соли 2015 мусобиқаи кушод оид ба гуштини юнонӣ-румӣ дар ш.Хуҷанд шуда гузашт, ки дар он 22 нафар варзишгарони шаҳри Чкалов иштирок карданд, ки дар он дар вазни 32кг Шоузарбов Муҳиддин ҷои якум дар вазни 42кг Ҷасурбеки Саидбек, дар вазни 50кг Алимов Муҳаммад ва дар вазни 54кг Шоузарбов Сайфиддин ишғол намуданд.

Аз санаи 4 то 6 май соли 2015 дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷумҳурявӣ оид ба гуштини юнони- румӣ байни наврасони соли тавалудашон 1991-2003 баргузор гардид, ки дар он аз давлатҳоиҚазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркменистон иштирок карданд. Аз шаҳри Чкалов 3 нафар иштирок карда дар вазни 32 кг Шоузарбов Муҳиддин, Меҳробиддини Ибодулло дар вазни 38 кг ҷои III-ро ишғол намуданд.

Санаи 22-23 май соли равон Мусобиқаи кушоди ноҳияи Б.Ғафуров шуда гузашт, ки дар он ҷои I –ро дар вазни 20 кг Ҳусайнзода Масеҳиддин дар вазни 35кг Шоузарбов Муҳиддин, дар вазни 38кг Меҳробиддини Ибодулло дар вазни 69кг Шаҳзоди Дилшодзода ишғол намуданд. Дар вазни 32кг ҷои II-ро Фахридини Саёд, дар вазни 69кг Меҳровари Рустам ишғол намуданд. ҷои III-ро дар вазни 42кг Ҷасурбеки Саидбек ишғол намуд.

Санаи 6-7 май соли равон дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи байналмиллалӣ байни калонсолон оид ба гуштини юнони-румӣ шуда гузашт, ки дар он дар вазни 74кг Ғаффоров Абдурауф зинаи III ишғол намуд.

Санаи 22-23 май соли равон Мусобиқаи кушоди ноҳияи Б.Ғафуров шуда гузашт, ки дар он ҷои I –ро дар вазни 20 кг Ҳусайнзода Масеҳиддин дар вазни 35кг Шоузарбов Муҳиддин, дар вазни 38кг Меҳробиддини Ибодулло дар вазни 69кг Шаҳзоди Дилшодзода ишғол намуданд. Дар вазни 32кг ҷои II-ро Фахридини Саёд, дар вазни 69кг Меҳровари Рустам ишғол намуданд. ҷои III-ро дар вазни 42кг Ҷасурбеки Саидбек ишғол намуд.

Санаи 28-29.10.2015 сол дар шаҳри Қайроқум Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ байни наврасон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 8 нафар варзишгарони МДМВБН иштирок намуданд ва ин натиҷаҳоро ба даст оварданд. Феҳрези саёд вазни 21кг ҷои I. Шонасриддинов Фарзон вазни 27кг ҷои I. Сиёвуши Ҳоҷимурод вазни 50кг ҷои I, 2 нафар ҷои II, ва 1 нафар ҷои III- ро ишғол намуданд.

Санаи 21-22.11.2015 сол Дар шаҳри Истаравшан Мусобиқаи кушоди МВКН №1 байни наврасони соли таваллуди 2001-2003 гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 5 нафар гуштингирони МДМВБН и ш.Чкалов иштирок намуда Ҳусейнзода Масеҳиддин дар вазни 27кг ҷои II.Алихони Қаҳрамон дар вазни 32кг ҷои III ро ишғол намуданд.

Дар бораи машғулиятҳои фаъолияти шӯъбаи самбо:

Аз 17 то 19 январи соли 2015 дар ноҳияи Ҷ.Расулов мусобиқаи ананавӣXX кушоди вилоятӣ бахшида ба гиромидошти А.Самадов шуда гузашт, ки дар он 20 нафар варзишгарони МДМВБН-и мо иштирок карданд. Ва дар ҷамъбасти мусобиқа 2 нафар варзишгарони мо зинаи 3-юмро ишғол намуданд.

Аз 29 то 31 январи соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гуштинггирӣ шуда гузашт, ки дар он 22 нафар варзишгарони МДМВБН-и мо иштирок карданд. Ва дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои якум Юнусов Шерзод дар вазни 45кг ва Муллоҷонов Матин дар вазни 55кг соҳиб шуданд.Ҷои дуюмро Муртазоқулов Рустам дар вазни 50кг соҳиб шуд.Ҷои сеюмро бошад, Раҳимов Суруш дар вазни 35кг, Зардаков Ҳусейн дар вазни 40кг, Хоҷаназаров Дилшод дар вазни 65кг, Шарифзода Алиакбар дар вазни 70кг ва Хаитбоев Баҳром аз вазни 70 боло ишғол намуданд.

Санаи 21 март бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Чкалов мусобиқаи гуштингирӣ шуда гузашт, ки дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарон иштирок карданд. Ва дар ҷамбасти мусобиқа ҷои I –ро гуштингирони мактаби мо Шерматов Ш, Додов З, Қадамов Н, Майнусов Р, Қадамов С, Қурбонов М, Қурбонов Ш, Мамадшукуров Ш, Саидмуҳсини С, Беҳрӯзи Ф, Мирзозода Б, Сайфиддинов А ишғол намуданд.

Санаи 23-25.10.2015сол Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати вилот оид ба гуштингирӣ гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 10 нафар варзишгарон ширкат варзида ва: Аврангзеби Аскархон 55кг ҷои III, Собиралиев Паҳлавон 60кг ҷои III, Зайниддинов Умед 86кг ҷои III. Вадудов 90кг ҷои III ро ишғол намуданд.

Санаи 3-4 .11.2015сол Дар ш.Чкалов Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба гуштингирӣ дар бахшида ба рӯзи Сарқонуни ҶТ гузаронида шуд, 8 нафар варзишгарон ширкат варзида дар вазни 60кг Холов Алиҷон ҷои I. Сабралиев Паҳлавон 60кг ҷои II. Вазни 70кг Мӯминшоев Ҳусайн ҷои III, аз 90кг боло Вадудов Ҳотамшо ҷои I ро ишғол намуданд.

Санаи 6-7 .11.2015сол Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ байни наврасон оид ба гуштини Дзюдо гузаронида шуд, дар ин Мусобиқа 6 нафар варзишгарон иштирок намуда: Ниёзов Некрӯз дар вазни 55кг, ҷои I, Зардаков Ҳусейн 48кг ҷои III ишғол намуданд.

Санаи 17-18.11.2015сол Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ММОВВ байни калонсолн оид ба гуштини Самбо гузаронида шуд. 16 нафар варзишгарони ш.Чкалов ширкат варзида ва: Вадудов Ҳотамшо 90кг  ҷои I. Беков Хизрулло 74кг ҷои II. сабралиев Паҳлавон 62кг ҷои II, Нуралишоев Сабурӣ 68кг ҷои III ро ишғол намуданд.

Санаи 21-23 .11.2015сол Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ байни наврасон оид ба гуштини самбо бахшида ба рӯзи ПарчамиҶТ гузаронида шуд, 30 нафар варзишгарони МДМВБН иштирок карданд. Қадамо Сунатулло 35кг ҷои I, Раҳимов Сиёвуш 40кг ҷои I. Саидаббоси Сайдулло 45кг ҷои I. Юнусов Шероз вазни 50кг ҷои I, 6 нафар варзишгарон ҷои II, 8 нафар ҷои III, дар вазнҳои худ ишғол намуданд.

Дар бораи машғулиятҳои фаъолияти шӯъбаи волейбол:

Санаи 5 январи соли 2015 мусобиқаи рафиқона оид ба волейбол байни дастаҳои ш.Чкалов ва ш.Қайроққум шуда гузашт, ки дар он волейболбозони мо бо ҳисоби 3:0 ғолиб баромаданд.Санаи 12 феврали соли 2015 вохӯрии дӯстона шуда гузашт, ки дар он волейболбозони мо бо ҳисоби 3:2 ғолиб баромаданд.

Аз 21 то 26 май соли 2015 Чемпионати вилояти Суғд оид ба волейбол шуда гузашт, ки дар он 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. волейболбозони ш.Чкалов ҷои III –ишғол намуданд.

 

Дастаи ш. Чкалов оид ба гӯштини тарзи озод

Санаи 25-26 феврали соли 2015 мусобиқаи кушоди вилоятӣ дар ш.Конибодом шуда гузашт, ки дар он 6 нафар варзишгарони мо иштирок карданд ва дар ҷамбасти мусобиқа 2 нафар варзишгарони мо зинаи III-юмро ишғол намуданд.

 Дастаи ш. Чкалов оид ба каратэ-до

Санаи 21-22 феврали соли 2015 якумин Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба кратэ-до дар толори варзишии Шоҳини ш.Қайроқум шуда гузашт, ки дар он аз 7 давлат ва 3 дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вашумораи умумии варзишгарон 453 нафар иштирок карданд. Аз он ҷумла варзишгарони мактаби мо низ иштирок карда ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Ҷои I Ташрипов Фирдавс, Ортиқова Шаҳзода, Турдиева Рухсора ишғол карданд. Ҷои II насиби Ташрипов Далер ва Авлиёкулов Абунаср гардид. Ҷои III бошад насиби Ташрипов Фирдавс, Шарифхуҷаева Нисо ва Абдуллоева Маҳина ва Ташрипов Далер гардид.

 

Дастаи ш. Чкалов оид ба якҳарбаи шарқӣ

Рӯзи 17 феврали соли 2015 Мусобиқаи кушоди ш.Чкалов оид ба намудҳои якҳарбаи шарқӣ бахшида ба рӯзи иди «Артиши миллӣ» и Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, ки дар он зиёда аз 100 нафар варзишгар иштирок карданд. Дар интиҳо мусобиқа аз рӯи вазнҳои гуногун ҷамъбаст гардида, ба ғолибон туфҳа ва диплоҳо тақдим гардид.

Санаи 5 майи соли 2015 дар толори «Ҷашнӣ» и шаҳри Чкалов мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба якҳарбаи шарқӣ бахшида ба иди Ғалаба 9-май шуда гузашт, ки дар он варзишгарони мактаби мо шаҳраки Палос, Водник ва Бобоҷон Ғафуров иштирок карда дар натиҷа 14 ҷойи аввал, 10 ҷойи дуввум ва 11 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Варзишгарони шаҳр дар давраи ҳисоботӣ дар мусобиқаи гуногунсатҳиштирок карда дар маҷмӯъ, 153 медали тилло, 131 медали нуқра ва 147 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

 

Дар бораи рушди туризм

Бо мақсади паст намудани талаботи муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни ҷавонон, тарбияи фарҳангию ҳуқуқӣ бо назардошти ташаккули мавқеи шаҳрвандии онҳо ва бо кор таъмин намудани ҷавонони бекори маҳал дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ якчанд маротиба аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Дар шаҳри Чкалов айни ҳол 3 ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият мебаранд: ширкати сайёҳии «Шод Ҷаҳон», кооперативи истеҳсолии «Аксам» ва «Атлас Тур», ки онҳо дар нозироти андози шаҳри Чкалов ба қаӣд гирифта шудаанд. Дар шаҳр барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароитҳо мавҷуд буда, дар ин самт аз ҷониби бахш тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Зеро таваҷҷуҳи сайёҳон ба кишвари биҳиштосои мо хеле зиёд буда, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз давлатҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон мешиносанд.

Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо мулоқоту суҳбатҳо гузаронида шуда, дар як қатор семинару машварат ва мизҳои гирд иштирок карда шуд. Дар канори ин дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳонаи ҷавонӣ доир гардида, озмунҳои иншои беҳтарин, рассоми беҳтарин, мусобиқаҳои гуногун аз қабили дави миллӣ ва амсоли инҳо баргузор гардид.

Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди нашъамандӣ дар шаҳр аксияи “Ҷавонон зидди нашъамандӣ” баргузор гардид.

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов дар оянда низ баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи рушди туризм» кӯшиш ба харҷ хоҳад дод ва баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва Раиси шаҳри Чкаловро хуб ба роҳ монда, аз имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем ва нерӯву тавоноии худро ба ин самт равона хоҳем намуд.

Мудири бахши ҷавонон,

варзиш ва сайёҳии шаҳр Х. Исмоилов