Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Четверг, Июль 9, 2020
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Бо экстремизм ва терроризм муборизаи беамон мебарем

Бо экстремизм ва терроризм муборизаи беамон мебарем 

Маълум аст, ки олҳои тӯлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерӯҳои ифротӣ буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард. Вале давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти худ ва ҷаҳон сарфи назар аз хисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанӯз соли 1998 дар иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда будем.
Аз 1400 километри марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 910 километраш ба ҳудуди ВМКБ рост меояд ва ин сокинони вилоятро водор месозад, то баробари мақомотҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм фаъол бошанду баҳри таъмини амнияти вилоят ва умуман кишвар саҳмгузор бошанд.
Таҳлилҳои солҳои сипаригашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки гуруҳу созмонҳои террористиву экст-ремистӣ баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнаш дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин ҷиҳат, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кӯшиш намоянд, то тавонанд ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.
Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт, Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020» тасдиқ шудааст.
Самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизму терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ мавҷуд буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши ватанро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва онҳоро амн нигоҳ дорем.
Фирӯза Наимова,
сокини шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед