Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Вторник, Октябрь 23, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Боздиди Раиси вилоят аз қисми 20-уми ҳарбикунонидашудаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят дар шаҳри Бӯстон

Боздиди Раиси вилоят аз қисми 20-уми ҳарбикунонидашудаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят дар шаҳри Бӯстон 

pg-1

Рӯзи 10 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз қисми 20-уми ҳарбикунонидашудаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят дар шаҳри Бӯстон боздид намуд.

Раиси вилоят ба фаъолияти қисми 20-уми ҳарбикунонидашудаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят дар шаҳри Бӯстон мароқ зоҳир намуда, бо таҷҳизоти техникӣ, техникаҳои калони сӯхторхомӯшкунӣ, либосҳои махсуси зимни амалиёти сӯхторхомӯшкунӣ истифодашаванда ва дигар лавозимоти зарурӣ шинос гардид.

Дар ин рӯз ҳамзамон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳсулоти дастии кормандони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ба намоиш гузошта шуд ва Раҷаббой Аҳмадзода аз растаи ҳунармандон низ боздид намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо кормандони Раёсат онҳоро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба собиқадорон ва ғолибони озмунҳои гуногун туҳфаҳо тақдим кард.

Сипас, бо ширкати Раиси вилоят дар ҳамин ҷо майдончаҳои варзишӣ барои бозии волейболу футбол ва як ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд.

Шарҳ диҳед