Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ба тақдири ояндаи ҷавонон бетараф набошем

Ба тақдири ояндаи ҷавонон бетараф набошем 

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон барои пешрафти кишвар корҳои созандагиву бунёдкориро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода истодааст.
Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа, ки ба тақдири имрӯзу фардои Тоҷикистон бетараф нест вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукургузорӣ намуда, алайҳи терроризм экстремизм, ки номи неки исломро олуда мекунанд, бетараф набошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки на танҳо аз илму фарҳанги дунявӣ балки аз донишҳои аввалияи динӣ тасаввуроте надоранд. Аз ин рӯ вазифаи муқаддаси ҳар шахси солимфикри Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ин ҷавонони раҳгумкардаро аз роҳи хато боз дорад. Бо таваҷҷуҳ бояд дар андешаи он буд, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳу восита ҷавонон, ки ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил гардидаанд, барои пешгирии онҳо моро лозим меояд, ки ба фаъолияти рӯҳиву равонии наврасон ва ҷавонон назорат бурда, онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифатнокӣ дар таълиму тарбия ва зиракии сиёсӣ равона намоем.

Норова Г., — омӯзгори МТМУ№10

Шарҳ диҳед